Тоҷикистон чӣ қадар молро аз Ӯзбекистон харид?

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкРабота грузового контейнерного терминала
Работа грузового контейнерного терминала - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2022
Обуна шудан
Бар асоси омори расмӣ Тоҷикистон ба феҳрасти кишварҳои пешсафе дохил шудааст, ки тайи 9 моҳи аввали соли равон молҳои Ӯзбекистонро харидорӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 16 окт – Sputnik. Тоҷикистон дар феҳрасти харидорони молҳои Ӯзбекистон дар зинаи 7-ум қарор гирифтааст, хабар дод мақомоти омори ҶӮ.
Ба иттилои манбаъ, дар садри даҳгонаи кишварҳое, ки моли аз ҳама зиёдро аз Ӯзбекистон харид кардаанд, Русия бо нишондоди зиёда аз 2.1 млрд доллар ҷой гирифтаст.
Дар даҳгона Тоҷикистон бо нишондоди беш аз 352 млн доллар дар зинаи 7-ум қарор дорад.
Таъкид шудаст, дар давоми 9 моҳ содироти мол аз Ӯзбекистон ба Чин 2 млрд доллар, ба Қазоқистон - 1 млрд доллар, Қирғизистон - 683 млн, Афғонистон — 514 млн, Тоҷикистон - 352 млн, Канада - 160 млн, Туркманистон – 154 млн ва ба Эрон 114 млн долларро ташкил додаст.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон азм доранд, ки додугирифти мол миёни ду кишварро ба 1 млрд доллари амрикоӣ расонанд. Бар асоси омори расмӣ, додугирифти кишварҳо тайи солҳои охир майли афзоиш дорад.
Железнодорожный знак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2022
Аз Қазоқистон то Тоҷикистон: Ӯзбекистон қатори хоси сайёҳиро ба роҳ баровард
Аз ҷумла сафири Тоҷикистон дар Тошканд, Абдуҷаббор Раҳмонзода ахиран изҳор дошт, ки агар дар соли 2018 гардиши савдои молу маҳсулот миёни ду кишвар 287 млн доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2019 ба 362 млн доллар расид. Дар соли 2020 ба 333,8 млн доллар ва соли 2021 ба 447,8 млн доллар баробар гардидааст.
"Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ 129,6 млн доллари ИМА ё 28% ба содирот ва 318,2 млн доллар ё 72% ба воридоти молу маҳсулот рост меояд", - изҳор дошта буд сафир.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ба Ӯзбекистон асосан нерӯи барқ, семент, нахи пахта, арматура, алюминийи аввалия содир карда, аз он ҷо гази табиӣ, нуриҳои минералӣ, маҳсулоти нафтӣ, техникаи маишӣ, маҳсулоти керамикӣ, чӯб ва маҳсулот аз он, таҷҳизоти электрикӣ ва ғайра мехарад.
Лентаи хабарҳо
0