То 30 дараҷа гарм: Пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевУкрашение города Душанбе перед саммитом лидеров стран Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии
Украшение города Душанбе перед саммитом лидеров стран Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Фасли гармо дар Тоҷикистон идома дошта, ҳарорати ҳаво дар ВМКБ то 22, Суғд то 18, Хатлон то 30, навоҳии тобеи марказ - 29 ва Душанбе то 27 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 17 окт – Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, хабар дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук, рӯзона 5+10 дараҷа гарм дар назар аст.
Суғдро низ ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш фаро мегирад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона ба 9+14 дараҷа гармӣ мерасад.
Термометр показывает почти 40 градусов по Цельсию, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Тоқаев гуфт, ҳарорати ҳаво дар Осиёи Марказӣ то охири аср то 6 дараҷа боло хоҳад рафт
Дар Хатлон низ боришот дар назар нест. Ҳарорат дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳарорат дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Шаҳри Душанберо ҳавои тағйирёбандаи бебориш интизор аст. Ҳарорат шабона 10+12 дараҷа гарм, рӯзона 25+27 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ доданд ҳавошиносон.
Лентаи хабарҳо
0