Ҷаримаи 14 шаҳрванди хориҷӣ барои вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷиратӣ

© Sputnik / Стас ЭтвешСомони в конверте, архивное фото
Сомони в конверте, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Мақомоти вилояти Хатлон эълон кардааст, ки дар нӯҳ моҳи соли равон ба 48 нафар шаҳрванди хориҷӣ иҷзоаи кор дар ҳудуди вилоят дода шудааст
ДУШАНБЕ, 17 окт – Sputnik. Раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон хабар додааст, ки дар 9 моҳи сипаригардида 14 ҳолати вайрон кардани қоидаҳои будубоши хориҷиҳо дар Тоҷикистон ошкор карда шуд, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Тибқи иттилои манбаъ, нисбат ба ҳамаи ҳолатҳоо ошкоршуда санадҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд.
“Аз ин ҳисоб 23 ҳазору 680 сомонӣ ба буҷаи давлат ворид карда шудааст”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар 9 моҳи соли равон вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ ба Хатлон кам шудааст.
Сбор овощей в фермерском хозяйстве  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2022
Мақомоти Хатлон аз афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ хабар дод
Ба гуфти мақомот омили камшавии муҳоҷирони хориҷӣ кам будани субектҳои хоҷагидорӣ мебошад.
“Мувофиқи қонунгузории кишвар ба 48 нафар шаҳрванди хориҷӣ иҷзоаи кор дар ҳудуди вилоят дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи гузашта 8 нафар кам мебошад”, - хабар додааст мақомот.
Ҳамзамон зикр гардидааст, ки дар вилояти Хатлон 35 субъекти хоҷагидор иҷозаи ҷалби қувваи кории хориҷиро дастрас кардаанд.
“Дар ин субъектҳо 671 нафар хориҷӣ кору фаъолият мекунанд. Дар баробари хориҷиҳо 4 ҳазору 815 нафар мардуми маҳаллӣ низ дар субъектҳо кор мекунанд. Аз ин шумора 287 нафари онҳоро муҳоҷироне, ки вурудашон ба кишварҳои хориҷии қабулкунанда манъ аст, ташкил медиҳанд”, - иттилоъ додааст Раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон.
Лентаи хабарҳо
0