Садамаи пурқурбонӣ: Худрави ҳомили 5 нафар ба дарёи Фон сарозер шуд

© Sputnik / Павел Петров / Гузариш ба медиабонкАвтомобиль упал в реку
Автомобиль упал в реку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2022
Обуна шудан
Дар пайи садамаи мудҳиш дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ 2 нафар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, як нафар бедарак ва 2 нафар маҷруҳ шудаанд
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Худрави "Опел-Астра", таҳти идораи сокини 26-солаи ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дучори садама шудаст.
Ба иттилои КҲФ, ронандаи моошин ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Панҷакент ба самти пойтахти кишвар идораро аз даст дода, ба дарёи Фон сарозер гардидаст.
"Дар натиҷаи садама ронанда ва як мусофир, соли таваллудаш 1956, сокини ҷамоати Шинги шаҳри Панҷакент дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд", - омадааст дар иттилоия.
Детская игрушка возле дороги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2022
Падар писари хурдсолашро пахш кард: ҳалокати кӯдаки сесола дар як садама
Таъкид шудаст, ки ду мусофири дигар, солҳои таваллудашон 1959 ва 2000 ҷароҳатҳои гуногун бардошта, дар беморхонаи ноҳиявӣ бистарӣ шудаанд.
Мусофири дигари худрав, ки зодаи соли 2000-ум будаст, бедарак шудааст. КҲФ таъкид намудаст, ки ҷустуҷӯи нафари бедаракшуда идома дорад.
Дар зимн Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон даъват кардааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо шитоб накунанд.
Қаблан вазири умури дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода аз сабабҳои аслии сар задани садамаҳоро риоя накардани қоидаҳо аз сӯи ронандагон номид. Аз ҷумла нақзи қоидаҳои сабқат, баланд бардоштани суръат ва идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастиро зикр намуд.
Лентаи хабарҳо
0