Баҳси терроризм: ҳамоиши намояндагони 50 кишвари ҷаҳон дар Душанбе

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкМинистерство иностранных дел Таджикистана в Душанбе
Министерство иностранных дел Таджикистана в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2022
Обуна шудан
Душанбе барои бори сеюм аст, ки мизбони ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи мубориза бо терроризм бо иштироки намояндагони даҳҳо давлату созмонҳо мешавад
ДУШАНБЕ, 17 окт – Sputnik. Омодагӣ ба конфронси навбатии Душанбе - "Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо" идома доранд.
Дар ин бора хабаргузории "Ховар" аз қавли муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳотам Қурбонов иттилоъ дод.
Ӯ изҳор доштаст, барои иштирок дар конфронси мазкур, ки 18 - 19 октябри соли равон дар назар аст, намояндагони зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон, инчунин роҳбарияти созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмӣ ва дигарон дархост ирсол кардаанд.
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2022
Вазир: беш аз 400 тоҷикистонӣ аз Сурияю Ироқ баргардонда шуданд
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ҳадафҳои Конфронси зиддитеррористии Душанбе баррасии масоили марбут ба пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо, мудирияти муассири сарҳадот, иқдомоти зиддитеррористӣ ва пешбурди ҳамкорӣ мебошад.
"Мо, мунтазир ва омодаи таъмини иштироки фаъоли намояндагони кишварҳо, созмонҳо ва дигар алоқамандон мебошем",- таъкид намудаст Ҳотам Қурбонов.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан низ дар Тоҷикистон, аз ҷумла 3 - 4 майи соли 2018 ва 16 - 17 майи 2019 конфронси сатҳи баланди мубориза бо терроризму экстремизм бо иштироки доираҳои васеи коршиносону мақомдорони давлатӣ баргузор шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0