Арзон шуду камёфт: Чаро харидории гази моеъ дар Суғд мушкил шуд?

CC BY 2.0 / Lav Ulv / Грузовик с газом, архивное фото
Грузовик с газом, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Сокинони маҳаллӣ чанд рӯз аст, ки аз нарасидани “сӯзишвории кабуд” дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ шикоят мекунанд, ки ин ҳам соҳибони мошинҳо ва ҳам ба хонаводаҳо таъсир мерасонад.
ДУШАНБЕ, 18 окт – Sputnik. Дар вилояти Суғд маводи сӯзишворӣ ва молиданӣ арзон шуд, вале газ намерасад.
Аксари нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Хуҷанд бо камбуди гази моеъ рӯбарӯ ҳастанд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтаи кормандони нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ин ба мушкилиҳо дар созишномаҳои байни таъминкунандагони бузург ва соҳибони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ вобаста аст.
Ҳамин тавр, Иброҳим ном сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд, рӯзи сеюм аст, ки дар микрорайони 20 наметавонад сӯзишворӣ пур кунад, ронандаҳои дигар низ аз нарасидани газ шикоят доранд.
"“Қариб як ҳафта ба ин тараф газ нест мегуянд. Сабабро дақиқан шарҳ намедиҳанд, танҳо ҳамин қадар мегуянд, ки ҳоло газ нест", - афзуд як сокини маҳаллӣ.
Дар ҳамин ҳол, тайи ду ҳафтаи ахир қимати ҳам бензин ва ҳам газ ба таври қобили мулоҳиза, ба ҳисоби миёна 30-40 дирам поин рафтааст.
Нархи як литр бензини АИ-92 9,5 сомонӣ, АИ-95 ҳудуди 10,5 сомонӣ, солярка 12,4 сомонӣ, гази моеъ ҳудуди 5,7 сомонӣ мебошад.
Масъалаи нарасидани гази моеъро яке аз мудирони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворию равғанҳои молиданӣ шарҳ дод.
Сколько и где добывают нефть 
в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2022
"Чакраҳои сиёҳ" ё чӣ гуна тавлиди нафт дар Тоҷикистон афзоиш ёфт
Ба гуфтаи ӯ, бештари ширкатҳои яклухтфурӯшӣ аз интиқоли гази моеъ ба ширкатҳои чакана ба далели номусоид будани қимати он худдорӣ кардаанд.
"“Ду ҳафта пеш нархи ҳар кило газро ба ширкатҳои чаканафурӯшӣ бо нархи 10, 2 сомонӣ медоданд. Ҳоло бо ин нарх газ доданӣ нестанд, балки мехоҳанд боз ҳам фоидаи бештар гиранду то 12 сомонӣ фурӯшанд", — гуфт манбаъи Sputnik Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки кишвар маводи сӯхтро асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунад. Ширкатҳое, ки дар ин самт фаъолият доранд, корхонаҳои "Фароз", "Газпром", "Сеганҷ", "Газойл", "Суғднефт", "Рои Сомон" мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0