Борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ: Пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкЛивень
Ливень  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2022
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон мавсими боронҳо фаро мерасад. Ҳавошиносон дар навоҳии алоҳидаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе боронҳои кӯтоҳмуддатро пешгӯӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 18 окт – Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад, хабар дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат дар назар буда, ҳарорат дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 6+11 дараҷа ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Вилояти Суғдро ҳавои абрнок ва борони кӯтоҳмуддат фаро гирифта, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Термометр показывает почти 40 градусов по Цельсию, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Тоқаев гуфт, ҳарорати ҳаво дар Осиёи Марказӣ то охири аср то 6 дараҷа боло хоҳад рафт
Борони кӯтоҳмуддат дар вилояти Хатлон низ дар назар буда, ҳарорат дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Ҳавои шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ асосан бебориш буда, дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Душанберо низ ҳавои абрнок фаро хоҳад гирифт, аммо асосан бебориш хоҳад буд. Ҳавошиносон мегӯянд, нимаи дуюми рӯз бориши сусти борон ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво шабона 10+12 дараҷа гарм, рӯзона 19+21 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0