Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфӣ ҷойи аввалро гирифт

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкУчастники на торжественной церемонии открытия Дельфийских игр в Дальневосточном федеральном университете (ДВФУ) на острове Русский во Владивостоке.
Участники на торжественной церемонии открытия Дельфийских игр в Дальневосточном федеральном университете (ДВФУ) на острове Русский во Владивостоке. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2022
Обуна шудан
Ансамбли "Зебо", ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он ҳам машҳур аст, бори дигар ҳайати доварони озмуни бошукуҳро ба ваҷд овард
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфи мақоми аввалро гирифт. Ғалабаро ба ҷумҳурӣ ҳунармандони ансамбли "Зебо" оварданд.
Онҳо аз рӯи номинатсия "Рақси мардумӣ" ҷавонтарин ғолибони озмун гардиданд.
"Мо як рақси попурри, рақси минтақавӣ, ки вилоятҳои Бадахшон, Суғд ва Хатлонро дар бар мегирад, намоиш додем. Ва дар ниҳоят мо ҳама як кишвар ҳастем", - гуфт роҳбари студияи рақси бачагона, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Манзура Ҳабибова ба ба шабакаи телевизионии "Мир 24".
Мақоми аввалро аз категорияи синну соли калон гурӯҳи рақси мардумии русии "Ералаш" гирифт.
Ҷоиза барои бартарӣ ба "Академия суруд"-и Қазоқистон дода шуд
Ёдовар мешавем, ки бори нахуст дар Тоҷикистон Бозиҳои VI Делфии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ баргузор шуд.
Дар онҳо ҳунармандон, рассомон ва санъаткорон, аз ҷумла аз Русия, Белорус ва Қазоқистон ширкат доштанд.
Театр оперы и балета имени Садриддина Айни - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2022
Бозиҳои XVI Делфӣ расман дар Душанбе ифтитоҳ мегардад
Меҳмонон дар доираи сафари худ ба ҷумҳурӣб ба Донишкадаи давлатии санъати тасвирии Тоҷикистон рафта, дар он ҷо гаштугузор ва озмуни эҷодӣ гузаронданд.
Ҳамин тариқ, ба иштирокчиёни бозиҳо пешниҳод карда шуд, ки дар мавзӯъҳои "Фаслҳо" ва "Ҷаҳон аз нуқтаи назари ман" расм кашанд. Ба кори онҳо ҳайати доварон баҳо доданд.
Маврид ба зикр аст, ки соли 2022 ин чорабинӣ ба ҳунарҳои мардумӣ ва мероси фарҳангии кишварҳои муштаракулманофеъ бахшида мешавад.
Тоҷикистон бори аввал мизбони Бозиҳои Делфии ИДМ гардид, ки дар он беш аз 400 истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25 сола ширкат мекунанд.
Кумитаи байнулмилалии Бозиҳои Делфӣ аз ҷониби 65 кишвари ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардидааст.
Мақсад аз баргузории Бозиҳои Делфӣ дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод, ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зебоишиносӣ ва маънавиёти наврасону ҷавонон, тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0