Зас ташкили марзҳои маҷозӣ аз терроризмро пешниҳод кард

© POOL / Гузариш ба медиабонкГенеральный секретарь ОДКБ Станислав Зась
Генеральный секретарь ОДКБ Станислав Зась  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аз хатари созмонҳои террористӣ дар фазои маҷозӣ ҳушдор дод, ки технологияро бо аҳдофи худ истифода мебаранд
ДУШАНБЕ, 18 окт – Sputnik. Террористон дар замони муосир на танҳо ҷангиён бо силоҳ, балки донандаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ низ ҳастанд, ки зарфиятҳои онро бо аҳдофи террористӣ истифода мебаранд.
Ин нуктаро дабири кулли СААД, Станислав Зас зимни ҳамоиши байналмилалии зиддитеррористӣ дар Душанбе баён дошт.
Вай таъкид намуд, ки терроризм дар замони муосир хусусияти фаромиллӣ дошта, ҷилавгирӣ аз ҳаракати онҳо тавассути сарҳадот беш аз пеш мубрам мебошад.
Знак Стоп у контрольно-пропускного пункта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2022
Нигаронии президенти Тоҷикистон аз гуреза шудани террористҳо дар кишварҳои тараққикарда
Зас таъкид намуд, ки дар баробари бунёди иншооти сарҳадӣ, инчунин бояд марзҳои маҷозӣ низ ташкил карда шаванд, монеаи паҳнсозии ғояҳои терроризму тарғиби он шаванд.
Дар зимн Зас ҳамчунин аз хатарҳои бархоста аз Афғонистон ҳушдор дод, ки дар пасманзари номуайянию нооромии дохилӣ ба вуҷуд меоянду ба амният дар Осиёи Марказӣ низ таъсир доранд.
Дабири кулли СААД мояи нигаронӣ хонд, ки дар пасманзари ҳаводиси охири ҷаҳонӣ, масоили марбути Афғонистон дуюмдараҷа ва ҳатто сеюмдараҷа шудаанд.
Вай таъкид намуд, ки СААД Афғонистонро озод аз маводи мухаддиру терроризм дидан мехоҳад, ки дар он ҳууқуқ ҳамаи гуруҳҳои сиёсию этникӣ ҳимоят карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0