Афзоиши панҷоҳ дарсадии фақр дар Афғонистон

© AP / Ebrahim Noroozi4-летняя афганская девочка спит после работы на кирпичном заводе на окраине Кабула, Афганистан
4-летняя афганская девочка спит после работы на кирпичном заводе на окраине Кабула, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2022
Обуна шудан
Созмонҳои байналмилалӣ аз афзоиши панҷоҳ дарсадии фақр дар Афғонистон, инчунин афзоиши бекорӣ, коҳиши даромади аҳолӣ ва болоравии нархҳо хабар доданд
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Ахиран дафтари ҳамоҳангкунандаи умури башардӯстонаи Созмони Миллалӣ Муттаҳид дар Афғонистон гуфтааст, ки дар се соли ахир мизони фақр дар Афғонистон панҷоҳ дарсад афзоиш ёфтааст, иттилоъ додааст сомонаи расмии СММ.
Бар асоси ин гузориш, мизони фақр дар Афғонистон чиҳилу ҳафт дарсад ба наваду ҳафт дарсад расидааст.
Таъкид шудааст, ки бекорӣ коҳиши даромад ва афзоиши нархҳо аз авомили афзоиши фақр дар Афғонистон аст.
Дафтари ҳамоҳангкунандаи кумакҳои башардӯстонаи Созмони Миллалӣ Муттаҳид хостори иқдомоти фаври барои поён додан ба фақр дар Афғонистон шудааст.
 сок мака - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2022
Нигаронии Тоҷикистон аз афзоиши корхонаҳои тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон
Инчунин Созмони дидбони ҳуқуқи башар дар гузориши ахираш эълом кард, ки тақибан нисфи ҷамъияти Афғонистон, ки бештар аз нуздаҳ миллион нафарро дар бар мегирад, сатҳи болои ноамнии ғизоиро таҷруба мекунанд.
Бар асоси ин гузориш, фақат дар соли равон 34 ҳазор кӯдак ба иллати ибтилоъ ба сӯйи тағзия дар бемористонҳо бастари шудаанд.
Афғонистон дар ҷойгоҳи 109 гуруснатарин кишварҳои ҷаҳон қарор гирифтааст, ки иқтисоди ин кишвар дар ҳоли суқт қарор дорад ва Амрико пас аз қудрат гирифтани дубораи Толибон, дороиҳои онро мунҷамид кардааст.
Ҳузӯри бист солаи аритиши Амрико ва муттаҳидонаш дар Афғонистон ва ҷанги ноши аз он, боиси нобудии зерсохтҳои иқтисодӣ вабеҳдоштии ин кишвар шудааст.
Лентаи хабарҳо
0