IRS: 6 километри роҳи Душанбе - Хуҷандро барф фаро гирифтааст

© Дафтари матбуоти IRSБарфрӯбӣ дар роҳи Душанбе - Чаноқ
Барфрӯбӣ дар роҳи Душанбе - Чаноқ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2022
Обуна шудан
Ширкати роҳбони IRS, ки ба нигоҳдорию пулҷамъкунӣ дар масири Душанбе - Чаноқ машғул аст, аз ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои муваққатӣ дар ин самт иттилоъ дод
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Боришот шабона дар масири Душанбе - Чаноқ идома ёфта, дар километрҳои 154 - 160 баландии барф зиёд гардид.
Дар ин бора ширкати роҳбони IRS, ки ба нигоҳдорию пулҷамъкунӣ дар масири Душанбе - Чаноқ машғул аст, иттилоъ дод.
Таъкид шудаст, ки кормандони ширкат аз тамоми имкониятҳо истифода бурданд, то роҳ мунтазам аз барф тоза карда шавад ва ин кор аз субҳи барвақт давом дорад.

"Бо мақсади ба амал наомадани тамбашавии воситаҳои нақлиёт баъзан маҳдудият ҷорӣ гардид ва аз ронандагону мусофирон хоҳишмандем, ки моҳияти онро дарк намоянд", - омадааст дар иттилоияи IRS.

Ин дар ҳолест, ки қаблан ҳавошиносон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз номусоид омадани бодуҳаво дар ҷумҳурӣ ҳушдор дода буданд.
Мақомот таъкид намуданд, ки аз 18-ум то 20-уми октябри соли равон дар қаламрави Тоҷикистон шамолҳои сахт, борон дар водиҳо ва дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, ҳамчунин сард шудани қисмати болоии хок дар назар аст.
Кӯпруки Спитамен, ки ширкати IRS таъмири онро ба зимма гирифт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
IRS мегӯяд, навсозии пули шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ 65 фисад иҷро шуд
КҲФ аз сокинони кишвар хоҳиш кард, барои ҷамъоварии ҳосили боқимонда шитоб кунанд, то сардиҳо ба маҳсулоти ҳанӯз дар заминҳо хобидаи кишоварзӣ таъсир нарасонанд.
Ҳамчунин маслиҳат дода шуд, ки давоми ин рӯзҳо аз корҳои саҳроию чоровопарварӣ ҳадди имкон худдорӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0