Путин: Сиёсати муҳоҷиратро бояд тағйир дод

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин провел встречу с президентом Индонезии Дж. Видодо
Президент РФ В. Путин провел встречу с президентом Индонезии Дж. Видодо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раисҷумҳури Русия ахиран дар ҷаласаи Шӯрои амнияти гуфт, ки дар шароити нав бояд дар сиёсати муҳоҷиратии кишвар тағйирот ворид карда шавад
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Дар шароити имрӯза назариёти сиёсати кунунии муҳоҷиратиро бояд тағйир дод, гуфт Владимир Путин, раисҷумҳури Русия.
"Ҳамкасбони мӯҳтарам, ҳоло мегузарем ба рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои Амният. Биёед баъзе масъалаҳои сиёсати муҳоҷиратиро баррасӣ кунем. Ин соҳа барои амнияти миллӣ, барои рушди устувори Русия ва ҷомеаи мо ниҳоят ҳассосу муҳим аст. Вазъият дар ҷаҳон босуръат тағйир меёбад, омилҳои нави глобалӣ ва минтақавӣ ба миён меоянд, ки ба соҳаи муҳоҷират таъсир мерасонанд”, - гуфт Путин дар мулоқот бо аъзои Шӯрои амнияти Русия.
Вай гуфт, бино бар ин ба ин дигаргуниҳо зуд ва самарабахш ҷавоб бояд ҷавоб дод ва кори худро низ бояд дар асоси таҳлили ҳаматарафаи воқеъиятҳои нав такмил диҳем.
"Вобаста ба ин, рушан аст, ки ислоҳи назария кунунии сиёсати давлатии муҳоҷират лозим аст", - гуфт Путин.
Вай илова кард, ки ин назария бояд тамоми мушкилоти мавҷуда ва эҳтимолиро ба таври комил ба инобат гирифта, заминаи такмили минбаъдаи қонунгузорӣ гардад.
Выступление Путина в Совбезе по миграционным вопросам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2022
Путин дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Русия дар мавриди муҳоҷирон - видео
Роҳбари Русия ёдовар шуд, ки дастури дахлдор аз ҷониби президентҳанӯз ба онҳо моҳи марти соли 2020 дода шуда буд.
Инчунин Владимир Путин илова кард, ки вазъият дар ҷаҳон зуд тағйир меёбад, аз ҷумла дар соҳаи муҳоҷират, бояд ба ҳама тағйирот зуд вокуниш нишон дод.
"Вазъият дар ҷаҳон зуд тағйир меёбад, вазъи нави глобалӣ ва минтақавӣ ба миён меоянд, ки ба соҳаи муҳоҷират таъсир мерасонанд ва мо бояд ба ин тағйирот сари вақт ва муассир вокуниш нишон диҳем, кори худро дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи воқеиятҳои нав такмил диҳем", - гуфт роҳабри Русия Владимир Путин дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Русия.
Лентаи хабарҳо
0