Вазъ дар минтақаи амалиёти низомии Русия: навори шарҳи фармондеҳ - видео

Обуна шудан
Фармондеҳи нерӯҳои муштараки Русия дар минтақаи баргузории амалиёти вижаи махсус барои ҳимояи Донбасс барои бори аввал вазъ дар минтақаро шарҳ дод
Генерали армия Сергей Суровикин аз омодагии Киев барои ҳамлаи густурда бо нақзи меъёрҳои байналмилалӣ хабар дода, афзуд, ки ҷониби Русия талош дорад ҳаёти сокинони осоиштаро ҳифз намояд.
Вай зимни суҳбат бо рӯзноманигорон вазъият дар минтақаи амалиёти низомиро муташанниҷ хонда, афзуд, низоми Киев тамоми нерӯро ба рахна кардани кардани хатти дифои нерӯҳои Русия равона кардааст.
Вай махсусан аз ҷой доштани чунин вазъият дар самтҳои Купянский, Краснолиманский ва Николаев-Кривой Рог зикр намуд.
Рожин: Чаро НАТО иштирокашро дар ҷанги Украина пинҳон медорад - видео
Ба гуфтаи генерал, ҷониби Русия теъдоду зарфияти нерӯҳояшро тақвият дода, иншооти мудофиавӣ дар хатти баҳамоӣ бунёд карда истодааст.
Фармондеҳ тавзеҳ дод, ки Русия талоши ҷаҳиш ба пешро надорад ва кӯшиш дорад аз талафот миёни сарбозонашу аҳолии осоишта ҷилавгирӣ намояд.
"Вазифаи аввалиндараҷаи мо ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон аст. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама, артиши Русия дар доираи барномаи кӯчонидани аҳолӣ, ки ҳукумати Русия омода кардаст, хуруҷи аҳолиро таъмин хоҳад кард", - изҳор дошт ӯ.
Дар мавриди иқдоми минбаъдаи Русия дар Херсон Суровикин изҳор дошт, ки он аз авзо ва раванди ҳаводис дар минтақа вобаста буда, қабули чораҳои ғайриодӣ низ истисно нест.
Лентаи хабарҳо
0