Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Вазири дифои Қирғизистон: Бе тарафи сеюм сулҳ бо Тоҷикистон нахоҳад буд

© Sputnik / Эмиль СадыровПограничная вышка в Киргизии. Архивное фото
Пограничная вышка в Киргизии. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазири дифои Қирғизистон аз собиқаи қариб якасраи баҳсҳо сари замин миёни тоҷикону қирғизҳо гуфта, роҳи ҳаллашро ба дабири СААД баён доштаст
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Сулҳ миёни тоҷикону қирғизҳо бидуни доварии тарафи сеюм эҷод нахоҳад шуд, изҳор дошт вазири мудофиаи Қирғизистон, Бактибек Бекболотов.
Ӯ гуфт, ин нуктаро ахиран бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Станислав Зас, ки дар Бишкек қарор дошт, ба миён гузошт.
"Дабири кулли СААД Станислав Зас чанде пеш дар Қирғизистон буд. Ман ба ӯ гуфтам, ки миёни қирғизҳо ва тоҷикон сулҳ нахоҳад буд. Чаро? Чунки қирғизҳо ҳақиқати худ ва тоҷикҳо ҳақиқати худро доранд", - изҳор дошт вазир.
Вай афзуд, дар ин миён ҳакаме зарур аст ва аз ҷумла ҳузури нерӯҳои СААД-ро дар минтақаҳои баҳсӣ пешниҳод кардааст.
Ба гуфтаи Бекболотов бо мусоидати ҳакам бояд се вазифаи аслӣ ҳал карда шаванд.
"Якум, назорати оташбас, дуюм, аз сарҳади давлатӣ баровардани силоҳу техникаи вазнин", - таъкид намудаст вазир.
Последствия конфликта на границе с Кыргызстаном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2022
Дар Тоҷикистон хисороти ҳамлаи Қирғизистон ба хоки ҷумҳуриро эълон карданд
Ӯ илова намудаст, ки агар ин масъалаҳо ҳал шаванд, пас имкон дорад, ки вазифаи сеюм, ки сиёсист – аломатгузории марзи Қирғизистону Тоҷикистон ҳал шавад. Ба иттилои Бекболотов баҳсҳо сари замин дар ин минтақа на 30 сол, балки собиқаи 98-сола доранд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ мунтазам боиси таниш мегардад, ки баъзан бо хунрезӣ мепечад.
Даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон нимаи моҳи сентябр авҷ гирифта, аз ҳарду ҷониб садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар сар задани ин даргирӣ муттаҳам мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0