Ҳаракати аввалин қатори транзитии Тоҷикистон аз масири Эрон ба Туркия

CC BY-SA 3.0 / Ibrahim Rustamov / Тепловоз ТЭ33А на Таджикской железной дороге
Тепловоз ТЭ33А на Таджикской железной дороге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2022
Обуна шудан
Мақомоти Эрон ахиран эълон карданд, ки ҳаракати аввалин қатори транзитии Тоҷикистон ба мақсади Туркия барои убур аз масири Эрон сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Муъовини ҳамлунақли Вазорати роҳу шаҳрсозии Эрон Шаҳриёр Афандизода дар бораи маросими оғози ҳаракати қатори транзитии Тоҷикистон ба Эарон ба мақсади Туркия, ки бо ҳузури вай ва теъдоди аз ширкатҳои ҳамлунақли, тоҷирон ва мақомоти дигар кишварҳо баргузор шуд изҳор кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”.
Тибқи иттилои манбаъ, бо таваҷуҳ ба даъвати вазири нақлиёти Тоҷикистон аз вазири роҳу шаҳрсозии Эрон барои ҳузур дар маросими ифтитоҳи каридори ҳамлунақли таркибии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон ва Туркия ҳайатҳое аз ин кишварҳо рӯзи гузашта ба шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон сафар карданд.
Железная дорога, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2022
Оғози интиқоли колоҳои эронӣ ба Афғонистон тариқи роҳи оҳан
Муъовини ҳамлунақли Вазорати роҳу шаҳрсозии Эрон гуфт, ин ҳайат ҳамчунин аз шаҳри Кӯлоб, ки минтақаи озоди Тоҷикистон ба шумор меравад ва қарор аст қутби тиҷорат, транзит ва саноати Тоҷикистон бошад, боздид карданд.
Афандизода ҳамчунин, афзуд дар ин сафар маросими ифтитоҳияи долони ҳамлунақли таркибии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон ва Туркия баргузор шуд ва тайи он қатори транзитии Тоҷикистон бо мақсади Туркия ба тарафи Эрон ҳаракат кард.
Лентаи хабарҳо
0