Аз Комроншоҳ то Темур: паҳлавонони тоҷик барои қувваозмоӣ ба Абузабӣ мераванд

© Фото : Страница Комроншоха Устопириён в FacebookКомроншох Устопириён, архивное фото
Комроншох Устопириён, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Марҳилаҳои боқимондаи мусобиқоти "Grand Slam" дар мавсими имсола дар ду давлати дигар баргузор мешаванд, ки имконест барои дарёфти холҳои варзишӣ
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии Тоскулоҳи бузург, ки дар дар шаҳри Абузабии Аморати Муттаҳидаи Араб доир мегардад, 11 варзишгар намояндагӣ мекунанд
Тоскулоҳи бузурги Абузабӣ ва ё "Abu Dhabi Grand Slam 2022" аз 21 то 23-юми октябр доир мегардад.
Дар ин мусобиқа ширкати 430 варзишгар аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) аз 66 кишвари ҷаҳон дар назар аст.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа миёни занон Шоҳида Қаландарова дар вазни то 57 кг ва Мавлуда Одинаева дар вазни то 63 кг намояндагӣ мекунанд.
Дзюдоист Комроншохи Устопириён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2022
Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии ҷудо маълум шуд
Миёни мардон бошад, Муслимбек Каримов дар вазни то 60 кг, Шаҳбоз Саидабуроров дар вазни то 66кг, Маҳмадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 73кг, Шодмон Ризоев дар вазни то 81кг, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90кг.
Дар вазнҳои то 100 кило ва бештар аз он Абубакри Акобир бо Эмомризо Анварзода ва Темур Раҳимов ширкат хоҳанд кард.
Маврид ба зикр аст, ки ин дуюм мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 маҳсуб меёбад ва ғолибонро аз 260 то 1000 холи олимпӣ интизор аст.
Ёдовар мешавем, ки соли қаблӣ дар ин мусобиқа се варзишкори кишвар Комроншоҳи Устопириён (нуқра), Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов (ҳарду биринҷӣ) медал гирифта буданд.
Лентаи хабарҳо
0