Лоиҳаи "Хуҷанди нав": чӣ гуна маркази Суғд бозсозӣ мешавад

© Дафтари матбуоти ҳукумати ш.Хуҷанд Лоиҳаи ҷадиди тарҳи биноҳо дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд
Лоиҳаи ҷадиди тарҳи биноҳо дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2022
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд аллакай бо лоиҳаи бузурги маҷмааи нав – беш аз 100 гузинаи сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар минтақаҳои Хуҷанд шинос шуд.
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар Хуҷанд ният доранд симои шаҳрро комилан дигар ва замонавӣ кунанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ҳукумати вилоят.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аллакай бо лоиҳаҳои иншооти нав шинос шудааст.
Коршиносони соҳаи сохтмон гуфтанд, ки тамоми лоиҳаҳо бо назардошти нақшаи генералии ободонии шаҳр сохта шудаанд ва бояд симои маркази маъмуриро беҳтар созанд.
Раҷаббой Аҳмадзода - раиси вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Бунёди бинои нави донишгоҳ, варзишгоҳи бузург ва хона барои олимон дар Хуҷанд
Тибқи лоиҳаҳои пешниҳодшуда, тақрибан садтои онҳо намоиш дода шуданд, ки бар асоси нақша дар кӯчаи Сирдарё сохтмони якчанд иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Ғайр аз ин дар ҳудуди варзишгоҳи шаҳрии "Спартак" боз як комплекси биноҳои истиқоматӣ сохта мешавад. Дар ин макон дар назар аст, ки 21 бинои истиқоматӣ пайдо шавад.
Дар хусуси худи лоиҳа бошад, ҳамаи биноҳо 16 ошёна буда, дар наздикии он марказҳои нави маориф, маданият ва тандурустӣ қомат хоҳанд афрохт.
Дар кӯчаҳои И.Сомонӣ, К.Хуҷандӣ, Гагарин, Истиқлол низ иншооти зиёде пайдо мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0