Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Як рисолат, Иттиҳодияи Аврупоро ба як тарафи низоъ табдил медиҳад: кадом

© AP / Andrew MarienkoУкраинские военнослужащие
Украинские военнослужащие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2022
Обуна шудан
Рисолати кумаки низомӣ ба Киев ширкати Иттиҳодияи Аврупоро дар низоъ дар Украина афзоиш медиҳад, мегӯяд намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Миссияи расонидани кумаки низомӣ ба Украина, Иттиҳоди Аврупоро ба як тарафи низоъ табдил медиҳад.
Дар ин бора, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия, Мария Захарова гуфтааст.
"Ин қадам бо интиқоли силоҳи марговар ба режими Киев баробар арзёбӣ мешавад ва Иттиҳодияи Аврупоро, албатта, ба як тарафи муноқиша табдил медиҳад", - гуфт Захарова дар нишасти хабарӣ.
Миссияи омӯзишӣ нимаи моҳи ноябр оғоз шуда ва он омӯзиши то 15 000 сарбози украиниро дар бар мегирад.
Рисолати омӯзишии ИА барои ду сол пешбинӣ шудааст. Барои ин давра 106,7 миллион евро ҷудо шудааст.
Ҳадафи ин миссия: "саҳм гузоштан ба таҳкими иқтидори низомии нерӯҳои мусаллаҳи Украина барои баргузории амалиёти муассири низомӣ" аст.
Тафсилоти суҳбати генерал Суровикин: Аз нияти ҳамлаи Киев то чораи ғайриодии Маскав
Тавре ки Иттиҳодияи Аврупо тарҳрезӣ кардааст, "ин бояд ба Украина дар ҳифзи тамомияти арзӣ, дар доираи марзҳои аз ҷониби байналмилалӣ эътирофшуда, дифоъ аз соҳибихтиёрии худ ва ҳифзи шаҳрвандони осоишта кумак кунад".
Ин рисолат, ҳамчунин миссияҳои дигари омӯзишӣ барои артиши Украинаро, ки кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар заминаи дуҷониба анҷом медиҳанд, ҳамоҳанг хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки дар баробари Аврупо, Кохи сафед низ, бори дигар аз тахсиси як бахши "кумаки низомии" ИМА ба Украина дар ҳаҷми 1,1 млрд доллар хабар дод.
"Мувофиқи он чизе ки мо дар атрофи Украина мебинем, ИМА худро аз афташ шарики низомии рақами 1 мешуморад ва мувофиқан, рисолати таъмини қувваҳои мусаллаҳи Украинаро бо ҳама чизҳои зарурӣ - системаҳои силоҳ, иттилоот, дастгирии молиявӣ, захираҳоро бар уҳда мегирад", - гуфтааст, шореҳи низомӣ Дмитрий Корнев.
Джек Фауст Мэтлок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2022
Собиқ сафири ИМА дар СССР: Киев бояд ҳудудҳои аз даст додаашро фаромӯш кунад
Ба гуфтаи ӯ, транш, ки ҳоло ба имзо расид, 18 дастгоҳи HIMARS ва ҳамчунин маблағҳои мубориза бо ҳавопаймоҳои бесарнишинро дар бар мегирад.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард кишвардори Русия.
Лентаи хабарҳо
0