Пуштибонии муфтии Маскав аз санҷиши муҳоҷирон дар Русия

© Sputnik / Владимир ТрефиловПредседатель Духовного собрания мусульман России, член Общественной палаты РФ муфтий Альбир Крганов
Председатель Духовного собрания мусульман России, член Общественной палаты РФ муфтий Альбир Крганов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2022
Обуна шудан
Мусулмонони Русия аз ташаббуси Николай Патрушев, котиби Шӯрои амнияти Русия барои барқарории тартибот дар миёни муҳоҷирон пуштибонӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 20 октябрь — Sputnik. Миёни муҳоҷирон нофаҳмиҳои ҷузъӣ зиёд аст, гуфт муфтии Маскав Албир Крганов.
Ба ин далел, мусулмонони кишвар аз ташаббуси дабири Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Николай Патрушев дар бораи тадбирҳои густурда оид ба ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ дар маҳалҳое, ки муҳоҷирон ба таври дастаҷамъӣ ба сар мебаранд, дастгирӣ мекунанд.
"Ҳеҷ чизи пинҳон кардан нест - нофаҳмиҳои ҷузъӣ ҳанӯз зиёд аст. Ин нақзи низоми бақайдгирӣ, сарпечӣ аз пардохти андоз, роҳҳои пинҳони интиқоли пул, фиреби корфармоёни бевиҷдон ва бисёр чизҳои дигар аст", - қайд кард Крганов.
Глава Духовного собрания мусульман России Альбир Крганов - Sputnik Тоҷикистон
Албир Крганов
муфтии Маскав
Ба гуфтаи ӯ, бархе барои дарёфти пули ҳалол, бархеи дигар барои таҳсил, табобат ба Русия меоянд, аммо афроде ҳастанд, ки “ба осонӣ қонуни Федератсияи Русияро нақз мекунанд”.
"Ин ҷоиз аст, қонун бояд барои ҳама як бошад", - гуфт муфтӣ.
Албир Крганов афзуд, мушкили муҳоҷиронро бояд тамоми ҷомеаи Русия ҳал кунад ва созмонҳои ҷамъиятӣ ва динӣ муваззафанд дар ин кор ба давлат кумак кунанд.
Таджикский мигрант в аэропорту  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2022
Муҳоҷиронро дар Русия санҷишҳои ҷиддӣ интизор аст
"Мо бояд аз як сӯ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз ва сабти номи кишварро дастгирӣ кунем ва аз ҷониби дигар ба муҳоҷирон дар ҳамгироӣ ва иҷтимоӣ шудани онҳо дар ҷомеаи Русия кумак кунем", - қайд кард руҳонӣ.
Мавсуф ёдовар шуд, ки имрӯз дар кишвар лоиҳаи "Росмигрант" амал мекунад, ки баарои кор бо меҳмонон аз кишварҳои дигар нигаронида шудааст.
Намояндагони ин лоиҳа ба шаҳрвандони хориҷӣ барои гирифтани патент барои кор, омӯхтани забони русӣ ва пайдо кардани ҷои кор кумак мекунанд.
"Бо бархурди дуруст бо муҳоҷирон, тавре таҷрибаи мо нишон медиҳад, метавон натиҷаҳои мусбат ба даст овард", - хулоса кард ӯ.
Лентаи хабарҳо
0