БМТ ба як ширкати аудиторӣ дар Тоҷикистон иҷозатнома дод

© Pixabay / epiciociПодпись документа, архивное фото
Подпись документа, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Тибқи қарори Бонки миллии кишвар, "Кроу Хорват – Эй-Си-Ҷи" дар тӯли панҷ сол фаъолияти аудитории ширкатҳои суғуртаро анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон раёсати Бонки миллӣ ба як ширкати дигари аудиторӣ муҷаввиз дод.
Бар асоси ин иҷозатнома ҳамакнун ширкати "Кроу Хорват – Эй-Си-Ҷи" дар соҳаи суғурта фаъолияти аудиторӣ анҷом медиҳад.
Муҷаввиз барои анҷоми фаъолият дар Тоҷикистон дар бахши бима ба муҳлати 5 сол дода шуд.
Раҳбарияти БМТ ба Раёсати назорати фаъолияти суғуртавии ин ниҳод супориш додааст, ки дар Реестри ташкилотҳои аудиторӣ сабти дахлдор гузорад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли ҷорӣ Бонки Миллӣ аллакай ба "Кроу Хорват – Эй-Си-Ҷи" иҷозатномаи аудити ташкилотҳои қарзиро дода буд.
Вручения лицензии НБТ представителю Душанбе Сити Банк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2022
Ба бозори Тоҷикистон бонки ҷадид “Душанбе сити бонк” роҳ ёфт
Қаблан БМТ ба як ташкилоти қарзии нав иҷозатномаи фаъолияти бонкӣ дода буд. Бар асоси иҷозаи ин ниҳод дар кишвар "Душанбе Сити Банк" вориди бозор шуд.
Ташкилоти қарзӣ ба рушди низоми бонкии кишвар, бахусус қарздиҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҳоло 18 ширкати суғурта фаъолият мекунад, ки бузургтарини он ҶСП "ТС "Суғуртаи аввалини миллӣ" бо дороии 127 миллион ва ҶДММ ТСА "Спитамен Иншуренс" бошад, бо 90,2 миллион сомонӣ дар ҷойи дуюм аст.
Ширкати "Паймон Иншуренс" бошад, бо сармояи 12 миллион сомонӣ дар ҷои сеюм аст.
Ягона ширкати бимаи милли КВД "Тоҷиксуғурта" бошад, ҳамагӣ 5 миллион сомонӣ сармоя дорад.
Лентаи хабарҳо
0