Дастури Раҳмон барои тезондани масъалаи метро дар Душанбе ва дархости вазир

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон вместе с Рустамом Эмомали открыли автобусный завод в Душанбе
Эмомали Рахмон вместе с Рустамом Эмомали открыли автобусный завод в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистон хостори тезондани омӯзиши масъалаи бунёди метро дар шаҳри Душанбе шуда, ҳукумат аз пайи татбиқи он гардидаст
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Асоснокии техникию иқтисодии бунёди метро дар шаҳри Душанбе зудтар гузаронда шавад, супориш додаст раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ин бора вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Завқӣ Завқизода изҳор доштаст.
Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Завқизода ахиран дар мулоқот бо роҳбарияти ширкати Роҳи оҳани миллии Кореяи Ҷанубӣ, дар мавриди иҷрои муқаррароти Ёддошти тафоҳуми баимзорасида оид ба асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе зикр кард.
Вазири тоҷик дар зимн дархост кардаст, ки барои иҷрои супориши раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи оғози гузаронидани асосноккунии техникию иқтисодии ин лоиҳа аз ду соли пешнибинигардида то ба як сол кӯтоҳ карда шавад.
Автобусы AKIA AVESTO производимые в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2022
Тағйирот дар масири ҳаракати мусофирбарҳо дар Душанбе ва самти Варзобу Суғд
Маврид ба зикр аст, ки Вазорати нақлиёти Тоҷикистон моҳи марти соли равон аз имзои Ёддошти тафоҳум дар мавриди омӯзиши масоили марбути сохтмони метро дар Душанбе хабар дода буд.
Он замон аз ин ниҳод хабар дода буданд, ки пас аз омӯзиши масъала муайян мешавад, ки дар Душанбе метрои зеризаминӣ бунёд мешавад ё рӯизаминӣ.
Маврид ба зикр аст, ки бо мурури афзоиши аҳолӣ, васеъ шудани қаламрави пойтахт ва зиёд шудани худравҳо дар шаҳри Душанбе мусофирбарӣ ба яке аз масъалаҳо мубрами аввалиндараҷа мубаддал шудааст.
Лентаи хабарҳо
0