Корхонаи бузурги Русия вориди соҳаи дорусозии Тоҷикистон мешавад

© Pexels / pixabayЛекарства, таблетки
Лекарства, таблетки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2022
Обуна шудан
Роҳбари вилояти Суғд бо мақомдори ширкати "Фармасинтез" пешниҳоди доруҳои арзон ва роҳандозии истеҳсолот дар Тоҷикистонро ба миён гузошт
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мудири бахши содироти ширкати дорусозии "Фармасинтез" - и Русия Григорий Демидов густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, ҷонибҳо дар мавриди масоили тақвияти ҳамкориҳо дар бахши дорусозӣ ва татбиқи лоиҳаи нав дар самти бунёди коргоҳи истеҳсоли доруворӣ табодули афкор намудаанд.
Аҳмадзода вазъу имконоти соҳаро муаррифӣ намуда, афзудааст, ки аз ҷониби ҳукумат ба рушди соҳаи тиб ва дорусозӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.
Лаборатория Гемотест  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
Дар Тоҷикистон пажуҳишгоҳҳои тиббии русӣ фаъол мешаванд
Григорий Демидов зимнан таъкид дошт, ки ширкати "Фармасинтез" барои ҳамкорӣ бо ҳамтоёни худ аз вилояти Суғд омода мебошад.
"Ширкат нақша дорад маводи дорувории худро бо нархҳои арзон ба Тоҷикистон ворид сохта, минбаъд истеҳсолоти онро ба роҳ монад", - омадаст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки ҳарду ҷониб омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва ба роҳ мондани хати истеҳсолӣ баён доштанд.
Зикр шудаст, ки "Фармасинтез" аз ширкатҳои бузурги дорусозӣ дар Русия ба ҳисоб рафта, беш аз 500 номгӯи дорувориро истеҳсол менамояд. Таъкид шудаст, ки он дар 5 минтақаи Русия коргоҳҳои истеҳсолии худро дошта, дар онҳо ҳудуди 4 ҳазор нафар шаҳрвандон ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0