Чаро дар воқеан тамринҳои СПАД дар Тоҷикистон доир шуд?

© Sputnik Военные учения ОДКБ в Таджикистане "Рубеж-2022"
Военные учения ОДКБ в Таджикистане Рубеж-2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Размоиши густурдаи СПАД дар Тоҷикистон анҷом ёфт: Сардори ситоди муштараки ин созмон Анатолий Сидоров дар бораи натоиҷи онҳо сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар машқҳои "Сарҳад-2022" тамоми вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо иҷро карданд.
Пеш аз ин, хизматчиёни ҳарбӣ дар тамрингоҳи "Ҳарбмайдон"- и Тоҷикистон машқҳоро анҷом доданд. Натоиҷи машқҳоро раиси Ситоди муштараки СПАД Анатолий Сидоров ҷамъбаст кард.
Ба гуфтаи вай, фармондеҳию штабҳо сатҳи баланди омодагии касбӣ, мутаносибӣ ва самаранокии корро дар амал нишон доданд.
"Ҳайати шахсии ҷузъу томҳо беҳтарин хислатҳои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мо, маҳорати баланди ҷангӣ ва низомиро нишон доданд", - таъкид дошт ӯ.
Дар рафти машғулият, нерӯҳои савораи тирандоз, танкчиён, тупхонаҳо, алоқачиён, халабонҳо ва мутахассисони дигар касбҳои ҳарбӣ якдилӣ ва ҳамкории самарабахш нишон доданд. Онҳо ба шароити душвор — релефи куҳсори биёбон нигох накарда, намунаҳои ёрии хамдигарӣ ва дӯстиро нишон доданд.
Генеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ) Станислав Зась - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2022
Зас: Вазифаи асосии СПАД таъмини амнияти тамоми аъзои он аст
"Дар ин рӯзҳо мо дар бораи таърих ва фарҳанги Тоҷикистон бештар ошно шудем, анъанаҳои миллӣ ва хусусиятҳои фарҳангии Қазоқистон ва Русияро мубодила кардем", - гуфт Сидоров.
Вай гуфт, ки ин машқҳо контингенти СПАД-ро наздик ва муттаҳид карданд. Дар соли 2022 дар тамринҳои созмон беш аз 8 ҳазор нафар ва 2 ҳазор воҳид техникаи низомӣ ва вижа ширкат карданд.
Ёдовар мешавем, ки тамринҳои "Сарҳад-2022" дар Тоҷикистон аз 10 то 21 октябр баргузор шуданд. Дар онҳо ҳудуди 1 ҳазор нафар - гурҳҳои низомии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва нерӯҳои амалиётии Ситоди муштарак ва котиботи СПАД ширкат доштанд.
Лентаи хабарҳо
0