Ҳушдори Ҳикматёр ба Тоҷикистон: пуштибонӣ аз гурӯҳҳои мубориз ба манфиати шумо нест

© Sputnik / JAKГулбуддин Хикматияр, глава исламской партии Афганистан
Гулбуддин Хикматияр, глава исламской партии Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2022
Обуна шудан
Дар Афғонистон дар вокуниш ба нигарониҳои Тоҷикистон аз афзоиши терроризм дар ин кишвар гуфтаанд, ки Душанбе аз пуштибонии гуруҳҳои мубориз даст кашад
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Раҳбари Ҳизби Исломии Афғонистон нигарониҳои ахири Тоҷикистон аз вазъи Афғонистонро "душманона" хондааст.
Бино ба гузориши "Afganistan International", Гулбиддин Ҳикматёр, дар ин бора зимни хутбаи намози ҷумъаи ахираш изҳор доштааст.
"Магзоред кишвари шумо ба Украина ва Афғонистони дигар мубаддал шавад, пуштибонӣ аз гурӯҳҳои мусаллаҳ ба нафъи шумо нест", - гуфтааст ӯ дар хитоб ба Тоҷикистон.
Ӯ аз ин гурӯҳҳои мусаллаҳ, ки Тоҷикистонро дар пуштибонӣ муттаҳам кардааст, ном набурдааст.
Ҳикматёр дар мавъизаҳояш аз суханони ахири раисиҷумҳур, вазири дохила ва додситони кулли Тоҷикистон ёдовар шудааси, ки аз ҳузури гурӯҳҳои террористӣ, иртиботи толибон бо террористон ва афзоиши маводи мухаддир дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кадаанд.
Ҳикматёр муътақид аст, ки ин суханони мақомоти тоҷик таблиғест, ки кишварҳои дигарро нигарон кунад.
Эмомали Рахмон участвуют в первой конференции Центральная Азия + Россия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2022
Раҳмон: Интиқоли ҷангҷӯён аз Ховари Миёна ба Афғонистон барои Осиёи Марказӣ хатар дорад
"Агар аз тариқи Тоҷикистон дар Афғонистон ҷанг оғоз шавад, натиҷааш бешак интиқоли ноамнӣ ва ҷанг ба он тарафи марзи Тоҷикистон хоҳад буд", - ҳушдор додааст Ҳикматёр.
Ҳамзамон оқои Ҳикматёр гуфтааст, ки Афғонистон аз ҳама самтҳо дар хатар аст.
Вай тавсия дод, ки ҳамаи афғонҳо бидуни дахолати хориҷиён бо ҳамдигар сӯҳбат кунанд ва Афғонистонро аз бӯҳрон наҷот диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон, ахиран аз хатари густариши терроризм дар минтақа ва бо назардошти афзоиши фаъолияти созмонҳои байналмилалии террористӣ дар Афғонистон изҳори нигаронии амиқ кардаанд.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар конфронси ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ барои мубориза бо терроризм гуфт: Гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон дар вилоятҳои шимолӣ ва шарқии ҳаммарз бо Тоҷикистон фаъолона барқарор мешаванд.
Ба гуфтаи Раҳимзода, толибон то кунун ба беш аз 3000 узви гурӯҳҳои террористӣ шиносномаи Афғонистонро додаанд.
Вай афзуд, ин вазъ бори дигар хатари режими толибонро тасдиқ мекунад.
Рамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2022
Бархӯрди дугонаю истифодаи бархе давлатҳо аз террористҳо: Раҳимзода ягонагӣ пешниҳод кард
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар рӯзи аввали ин нишаст гуфт, дар Афғонистон даҳҳо ҳазор "муҷоҳидин ва бомбгузори маргталаб" тамрин мегиранд.
Ҳамзамон президенти Тоҷикистон аз интиқоли гуруҳҳои террористӣ ба манотиқи шимолии Афғонистонро хатари ҷиддӣ ба минтақа хонд.
Раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон, ки солҳо дар ҷанги дохилӣ буд, ба афғонҳо хитоб кард ва гуфт: "Таҷрибаҳои хунини гузаштаро бо амалҳои каҷкор такрор накунед."

Ҳикматёр кист?

Гулбиддин Ҳикматёр аз чеҳраҳои зиддитоҷиконӣ дар Афғонистон аст. Ӯ қаблан низ бо пуштибонӣ аз Покистон зидди Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари муқовимати аввал ва ҳукумати устод Бурҳониддин Раббонӣ меҷангид.
Ӯ дар солҳои пас аз суқути ҳукумати доктор Наҷибулло яке аз ҷонибҳои даргир буд, аммо баъди суқути қаблии Кобул ба Тоҷикистон фирор кард ва баъдан бо кумаки Душанбе ба Теҳрон рафт.
Қаблан собиқ сарвазири Покистон Имрон Хон низ иқрор шуд, ки Ҳикматёр дар муборизаҳо бар зидди Масъуд аз Покистон дастгирӣ меёфт.
Ҳикматёр бо ҳукумате, ки 15 августи соли 2021 суқут кард, даргир буд, аммо билохира бо барномаҳои ИМА ва Покистон дигарбора ба Афғонистон баргашт ва бо омадани толибон гӯё ба сухангӯи онон табдил шудааст..
Мавсуф дар тамоми хутбаҳояш зидди тоҷикон баромад карда ба корномаҳои Аҳмадшоҳи Масъуд санг меандозад ва ҳамеша Тоҷикистонро пуштибони Ҷабҳаи муқовимати милли Афғонистон унвон мекунад.
Лентаи хабарҳо
0