Небензя: Украина таҳти назорати Ғарб дар Русия аз усулҳои террористӣ истифода мекунад

© Sputnik / Grigoriy Sisoev / Гузариш ба медиабонкПостоянный представитель Российской Федерации при Организации Объединённых Наций и в Совете Безопасности ООН Василий Небензя
Постоянный представитель Российской Федерации при Организации Объединённых Наций и в Совете Безопасности ООН Василий Небензя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2022
Обуна шудан
Намояндаи доимии Русия дар СММ мегӯяд, Киев бо ҳидояту назорати Ғарб дар Русия амалоти террористӣ анҷом медиҳад, ки тахриби пули Қрим намунаи равшани он аст
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Украина таҳти назорати кишварҳои ғарбӣ муддати тӯлонӣ аз “шеваҳои тахрибкории террористӣ” дар Русия истифода мекунад.
Дар ин бора намояндаи доимии Федератсияи Русия дар СММ Василий Небензя дар ҷаласаи Шӯрои амнияти созмон изҳор дошт.
Вай ба унвони як мисол тахриби пули Қрим бо дасти мақомоти Киевро овард.

"Стратегҳои украинӣ, зери назари хоҷагони ғарбии худ, муддати тӯлонӣ дар қаламрави Русия аз усулҳои ҳамлаи террористӣ истифода мекунанд”, - гуфт Небензя.

Мавсуф таъкид кард, ки мисолҳои зиёде дар ин бора вуҷуд дорад, аммо ҳамлаи террористӣ дар пули Қрим, ки рӯзи 8 октябр аз ҷониби хадамоти вижаи Украина анҷом дода шуд, авҷи талошҳои онҳо гардид.
Ба гуфтаи намояндаи доимӣ, мақомоти расмии Украина, аз ҷумла муовини нахуствазир Михаил Федоров ва мушовири раиси вазорати корҳои дохилии Украина Антон Герашенко, дар аккаунти расмӣ аз ин ҷиноят “ошкоро” лаззат бурда, “паёмҳои дилгармкунанда” нашр шудаанд.
"Ҳарчанд Киев, ки зоҳиран аз ҷониби хоҷагони ғарбии худ таҳқир шудааст, хеле зуд, тибқи анъана, кӯшиш кард, ки "тирҳоро ба сӯи Русия гардонад", вазири корҳои хориҷии Украина Дмитрий Кулеба дар видеое, ки дар Интернет пайдо шуд, тасдиқ кард, ки Киев дар паси ҳамлаҳо ба пули Қрим ва вилояти Белгород буд”, - афзуд ҷаноби Небензя.
Президент РФ В. Путин принял участие в VII Восточном экономическом форуме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2022
Ин теракт аст: Путин гуфт, кӣ пули Қримро тарконд
Рӯзи 8 октябр дар пули Қрим як мошини боркаш мунфаҷир шуд, ки дар пайи он чаҳор нафар кушта шуданд, ду паҳлӯи пул фурӯ рехтанд, дар қисми роҳи оҳани он сӯхтор ба амал омад, оташ ҳафт баки сӯзишвориро фаро гирифт.
Зарари пешакӣ 500 миллион рубл арзёбӣ мешавад. Кумитаи тафтишоти Русия ва Хадамоти федеролии амниятӣ дар ин ҳамла хадамоти вижаи Украинаро айбдор карданд.
Президенти Русия Владимир Путин ин ҳодисаро ҳамлаи террористӣ номид, ки ҳадафаш аз байн бурдани зерсохтори муҳими шаҳрвандии Федератсияи Русия мебошад.
Лентаи хабарҳо
0