Фаъолсозии озмоишгоҳи бемориҳои хатарнок дар ноҳияи дурдасти Тоҷикистон

© UNSPLASHВрач в лаборатории делает анализы
Врач в лаборатории делает анализы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Бо фаъолсозии озмоишгоҳи кимиёю бактериологӣ сокинони ноҳияи дурдасти ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро дигар зарур намеояд, барои ташхис ба марказ раванд
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бинои нави Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, бинои мазкурро Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон мавриди истифода қарор дод.
Манбаъ афзуд, дар ошёнаи якуми бинои мазкур озмоишгоҳҳои бактреологӣ ва химиявӣ мавҷуданд.
Дар ин ҷо имкони бо истифода аз дастгоҳҳои ИФА, заррабин, дастгоҳи мушаххаскунандаи миқдори нитрат дар маҳсулоти полезӣ, ба воситаи ҳавои хушк фаъолнокии маводҳои безараргардонӣ, муайян намудани равшании дохили биноҳо, муайян намудани миқдори нитрат дар полезиҳо, муайян намудани барангезандаҳои бемориҳои сироятӣ фароҳам шудаст.
Лекарства, таблетки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2022
Корхонаи бузурги Русия вориди соҳаи дорусозии Тоҷикистон мешавад
Аз ҷумла минбаъд метавон дар худи ноҳияи барангезандаҳои бемориҳои домана, исҳоли хунин, бемориҳои шадиди меъдаю рӯда, таркиби шири модар, буғумдард ва ғайра мушаххас карда шавад.
"Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои мазкур барои сокинони ноҳия имкон фароҳам гардид, ки минбаъд барои мушаххассозии бемориҳо ба маркази вилоят нарафта, дар ҳамин ҷо аз ташхиси бемориҳои сироятӣ гузашта, маслиҳати табибонро барои табобати саривақтии беморӣ дарёфт намоянд", - омадааст дар иттилоия.
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани кору хизматрасонӣ ба масъулин дастур додаст.
Бинои хуштарҳу замонавии марказ бо таҷҳизоти корӣ ҷиҳозонида шудааст. Дар ин бино маҷмуан 24 ҳуҷраи корӣ ва ёрирасон мавҷуд буда, барои маъмурият ва кормандон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст, омадааст дар иттилоия.
Лентаи хабарҳо
0