Як полковник ворид шуду 2 генерали тоҷик хориҷ: қарори ҳукумат барои тағйирот дар ВКД

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон назначил новые кадры в МВД
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон назначил новые кадры в МВД - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат дар ҳайати мушовараи Вазорати умури дохилии кишвар тағйироти кадриро ворид намуд
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Ҷабборзода Холмурод Холбобо узви нави ҳайати мушовараи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъйин карда шудааст.
Қарори ҳукумат дар ин бораро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ахиран имзо намуд.
Бар асоси ин қарор аз ин ҳайат 2 генерал хориҷ гардиданд. Аз ҷумла Назарзода Шариф Раҳмон, ки аз моҳи феврали соли равон сардори раёсати умури дохилии ВМКБ мебошад.
Инчунин генерал Карим Солиев ба вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД Тоҷикистон таъйин шуд.
Сотрудники милиции  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2022
Беҳтарин корманди оперативӣ дар Хатлон маълум шуд
Холмурод Ҷабборзода, ки тоза ба ҳайати мушовараи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъйин шуд, аз моҳи феврали соли равон роҳбарии Раёсати нозиротӣ-ташкилии ин ниҳодро ба уҳда дорад.
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Ҷабборзода 12-уми феврали соли 1965 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, соли 1990 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.
Фаъолияташро аз соли 1990 дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи онвақтаи Октябрский, ҳозира ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар вазифаҳои муфаттиш оғоз карда, баъдан ба кор дар бахшҳои дигари мақомоти дохилиро идома додаст.
Лентаи хабарҳо
0