Раҳмон аз фаъолони Кӯлоб чӣ хост?

© Sputnik / Амир ИсаевВорота в Куляб
Ворота в Куляб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафараш ба вилояти Хатлон бо сокинону фаъолони шаҳри Кӯлоб мулоқот анҷом дода, даъватҳо намудаст
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба иқдому ташаббусҳои сокинони шаҳри Кӯлоб барои дастгирӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти ҳукумат баҳои баланд дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки ин нукта зимни мулоқот бо фаъолони Кӯлоб баён шуд.
Раисҷумҳур собиқадоронро барои саҳмгузорӣ дар таълиму тарбияи насли наврас, тарғиби сиёсати созандаи ҳукумат ва тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон даъват кардаст.
Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва ифтитоҳи майдони Нишони давлатӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2022
Президент дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин майдони бунёдкардаи соҳибкоронро кушод - акс
"Бо дарназардошти авзои имрӯзаи ҷомеаи байналмилалӣ таъкид гардид, ки бо истифода аз шароит ва иқлими мувофиқи шаҳр сокинон бояд ҳамасола дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузор бошанд", - омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин бо ишора ба талаботи қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" аз сокинон дархост шудаст, ки фарзандон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва касбу ҳунардӯстӣ тарбия намоянд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин риояи талаботи қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро омили муҳим дар самти пешгирӣ аз исрофкорию харҷи беҳуда маънидод кардаст.
Лентаи хабарҳо
0