Тағйирёбанда ва бебориш: Пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевПрирода в Таджикистане
Природа в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ҳаво дар Тоҷикистон нисбатан салқин омада, ҳарорат дар ВМКБ то 16 дараҷа, дар Суғд то 23 дараҷа, Хатлон - 24 ва Душанбе то 20 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, гармӣ то 24 дараҷа мерасад, хабар дод Ожонси обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешаванд. Дар шарқи вилоят ин нишондод шабона 3-8 то 9-14 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гармро нишон хоҳад дод.
Вилояти Суғдро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро гирифта, ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Термометр показывает почти 40 градусов по Цельсию, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Тоқаев гуфт, ҳарорати ҳаво дар Осиёи Марказӣ то охири аср то 6 дараҷа боло хоҳад рафт
Дар вилояти Хатлон низ ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм мегардад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм дар назар аст.
Шаҳри Душанберо ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро гирифта, шамол аз самти ғарб дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 10+12 дараҷа ва рӯзона 18+20 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0