Музокироти Русия ва Украинаро кӣ шикаст? Гунаҳкори ғайричашмдошт ёфт шуд

© БелТА / Гузариш ба медиабонкРоссийско-украинские переговоры в Беларуси
Российско-украинские переговоры в Беларуси  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Фаронсавиҳо мутмаинанд, ки низоъ дар Украина то замоне идома хоҳад кард, ки ИМА ва НАТО интиқоли силоҳ ба ин кишварро бас накунанд
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон барои изҳорот дар бораи зарурати ҳалли бӯҳрони Украина танҳо бо шартҳои Киев мавриди интиқоли мардумаш қарор гирифт.
Дар ин бора мулоҳизаҳои хонандагони нашрияи "Le Figaro" шаҳодат медиҳанд.
Аксари фаронсавиҳо таъкид карданд, ки сарвари давлат танҳо ҳарфҳояшро дар ҳаво мегузорад: ӯ дар бораи сулҳ ҳарф мезанад ва ҳамзамон маблағгузории Украина ва таъмини силоҳ ба ин кишварро идома медиҳад.
Ба бовари онҳо, буҳрон то замоне идома хоҳад кард, ки Ғарб аз ҳимояти Киев даст накашад.
"Агар Макрон воқеан мехоҳад, ки Зеленский бо Путин суҳбат кунад, бозии дурӯягиро бас кунед", - гуфт яке аз шореҳон.
Дуввуми афзуд, ки раҳбари Фаронса натавонист ҳамтои украинии худро ба иҷрои тавофуқоти Минск мутақоид кунад ва ӯ масъули ин аст.
"Пас чӣ гуна метавон тавзеҳ дод, ду кӯшиш барои ба даст овардани созиш миёни Русия ва Украина, ки ҳарчанд дар охири моҳи феврали соли 2022 ба таври кофӣ пеш рафта буд ва баъдан, дар охири моҳи март, ба далели адами дастгирии Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида ноком шуд?” — пурсид хонанда.
Переговоры министров иностранных дел РФ и Венесуэлы С. Лаврова и К. Фариа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2022
НАТО ва Аврупо ба сози “най”-и Украина мерақсанд
Баъзе шореҳон ёдовар шуданд, ки вазъ метавонад баъд аз интихоботи миёндавраии ИМА, ки ба моҳи ноябр таъин шудааст, ба таври ҷиддӣ тағйир ёбад.
"Вақте ҷумҳурихоҳон интихоб мешаванд, ки камтар майл доранд, муноқишаи гаронарзишро идома диҳанд (аз ин рӯ, шояд ин гуфтугӯи ногаҳонӣ дар бораи сулҳ бошад)," афзуд хонандаи дигарӣ.
Бояд гуфт, ки дар ҷараёни амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс, ИМА ва муттаҳидони он дар НАТО ба таъмини силоҳ ба Украина шурӯъ карданд.
Федератсияи Русия мӯътақид аст, ки чунин чораҳо муноқишаро тамдид мекунад ва мошинҳои дорои таҷҳизоти низомӣ ҳадафи қонунии артиши Русия мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0