Тавоноии "Норак" ба андозаи як "Сангтӯда-1"-и дигар зиёд мешавад

© Дафтари матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонНерӯгоҳи барқи обии "Норак"
Нерӯгоҳи барқи обии Норак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Нерӯгоҳи бузургтарини Тоҷикистон, ки иқтидори лоиҳавияш 3 ҳазор мегаватро ташкил медиҳад, феълан бо тавоноии 2600 мегават фаъолият мекунад
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Дар пайи таҷдиди нерӯгоҳи "Норак" иқтидори он ба андозаи беш аз тавоноии нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" зиёд карда хоҳад шуд.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Норак баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, солҳои охир бинобар куҳнаю фарсуда гардидани таҷҳизоти асосӣ иқтидори неругоҳ коҳиш ёфта, ҳоло бо тавоноии 2600 мегаватт фаъолият менамояд.
Вай таъкид намуд, ки баъди татбиқи пурраи лоиҳа иқтидори лоиҳавии неругоҳ аз 3000 ба 3375 мегаватт расонида мешавад. Бо дарназардошти тавоноии барқароршаванда ва 375 мегаватт иқтидори иловагие, ки дар натиҷаи таҷдид ба даст меояд, иқтидори кории неругоҳ 775 мегаватт зиёд мегардад.
Нурекская ГЭС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2022
Баҳои Раҳмон ба тавоноии Тоҷикистон дар бахши гидроэнергетика
"Яъне бо анҷом ёфтани корҳои таҷдиду азнавсозии пурраи неругоҳ иқтидорҳои барқароршаванда ва иқтидорҳои наве, ки дар асоси истифодаи технологияҳои пешрафта ба вуҷуд меоянд, аз иқтидори лоиҳавии неругоҳи барқи обии "Сангтӯда – 1", ки 670 мегаватт мебошад, зиёдтар мешавад", - афзуд ӯ.
Тибқи асосноксозии техникиву иқтисодии лоиҳаи "Таҷдиди неругоҳи барқи обии "Норак" ва таъмини бехатарии сарбанди он", ки аз ҷониби ҳукумат бо ҷалби мушовирони байналмилалӣ таҳия шудаст, маблағи навсозӣ беш аз 7 млрд сомонӣ арзёбӣ гардидаст.
Лампа накаливания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2022
Ваъдаи президенти Тоҷикистон барои лағви "лимит"-и барқ: Ӯ замонашро гуфт
Муҳлати умумии татбиқи лоиҳа 10 солро дар бар мегирад ва то ҳол қариб 3 млрду 300 млн сомонӣ ва барои марҳалаи дуюми он 1 млрду 120 млн сомонӣ ҷалб гардидааст.
Дар доираи марҳалаи якуми лоиҳа иваз кардани се агрегат, 6 трансформатор, таҷдиди дастгоҳи тақсимоти кушода ва иҷрои корҳо вобаста ба таъмин намудани бехатарии сарбанд дар назар аст. Дар доираи марҳалаи дуюм иваз кардани 6 агрегати боқимонда, таъмири бинои неругоҳ ва хариди техникаву таҷҳизоти зарурӣ пешбинӣ шудааст, гуфт Раҳмон.
Лентаи хабарҳо
0