Баҳои Раҳмон ба тавоноии Тоҷикистон дар бахши гидроэнергетика

© Sputnik / Шерстенников / Гузариш ба медиабонкНурекская ГЭС, архивное фото
Нурекская ГЭС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Тоҷикистон тавоноии истеҳсоли нерӯи барқи аз нигоҳи экологӣ тоза дар ҳаҷмеро дорад, ки аз талаботи феълии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба маротиб зиёд мебошад
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон аз талаботи ҳозираи ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нерӯи барқ 3 баробар зиёдтар мебошад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони Норак баён дошт.
Вай афзуд, ки зарфиятҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон имконият медиҳанд, ки минтақа бо неруи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин карда шавад.
Вай таъкид намуд, ки ояндаи кишварро бе рушди соҳаи энергетика тасаввур намудан ғайриимкон аст.
"Маҳз ба ҳамин хотир, мо барои таъмин намудани рушди соҳа тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намуда, ҳамкориро бо сармоягузорон ва ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ вусъат дода истодаем", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ба гуфтаи ӯ дар баробари бунёди нерӯгоҳҳои нав мақомоти тоҷик ба навсозии иқтидорҳои мавҷуда таваҷҷуҳ доранд.
Аз ҷумла зикр шуд, ки дар баробари бунёди неругоҳи азими барқи обии "Роғун", барои таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда ва низоми энергетикии кишвар, аз ҷумла неругоҳи барқи обии "Сарбанд" ва "Қайроққум" якчанд лоиҳаҳои бузурги сармоягузории давлатӣ амалӣ шуда истодааст.
Лампа накаливания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2022
Ваъдаи президенти Тоҷикистон барои лағви "лимит"-и барқ: Ӯ замонашро гуфт
Ба гуфтаи раисҷумҳур, барои таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда ва низоми энергетикии мамлакат, бо дарназардошти 5 млрд сомоние, ки ҷиҳати таҷдиди неругоҳи "Норак" то ҳол ҷалб шудааст, лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 12 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодаанд.
Лентаи хабарҳо
0