Ҳушдор аз сел: дар кадом ноҳияҳо хатар бузургтар аст

© Саҳифаи "Телевизиони Тоҷикистон" дар шабакаҳои иҷтимоӣ Пайомадҳои сели харобиовар дар Панҷакент
Пайомадҳои сели харобиовар дар Панҷакент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон аз хатари селфароӣ дар давоми ду рӯзи оянда дар кишвар ҳушдор дода, навоҳии нисбатан хатарнокро ном бурдааст
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳи вилоятҳои Суғд, аз ҷумла ноҳияи Панҷакент хатари сар задани зуҳуроти селлӣ мавҷуд аст, хабар дод Ожонси ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ дар ҳудуди Хатлон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Рашту Сангвор ва ғарби ВМКБ - дар ноҳияи Дарвоз эҳтимоли селфароӣ баланд аст. Таъкид шудаст, ки ин таҳдиди офати табиӣ 2 рӯзи оянда боқӣ хоҳад монд.
Дар маҷмуъ таъкид шудаст, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои бебориш дар назар буда, танҳо шабона дар ноҳияҳои ғарбии вилоят баъзан борон меборад. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дорога Душанбе-Чанак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2022
Барфи шадид мебошад: маҳдудияти ҳаракат барои баъзе мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ
Суғдро ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, шабона дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал омада, рӯзона ҳавои асосан бебориш дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.
Дар вилояти Хатлон шабона дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм дар назар аст.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, дар ноҳияҳои алоҳида борон дар назар аст. Дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр боридани барф пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 22+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал меояд. Ҳарорат шабона 9+11 дараҷа ва рӯзона 22+24 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0