Макрон аз Амрико хост, барои ҳалли буҳрони Украина сари мизи музокирот нишинад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Франции Э. Макроном
Президент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Франции Э. Макроном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Президенти Фаронаса аз Попи Рум хост, ки ба Байден ва Путин тамос бигирад то барои ҳалли буҳрони Украина сари мизи музокирот нишинанд
ДУШАНБЕ, 25 окт— Sputnik. Вашингтон бояд барои ҳалли вазъ дар Украина ширкат кунад. Дар ин бора Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, пас аз боздидаш аз Ватикан гуфт.
"Барои мо зарур аст, ки Иёлоти Муттаҳида барои пешбурди раванди сулҳ дар Украина сари мизи музокира нишинад", - навиштааст "Point" ба нақл аз суханони раҳбари Фаронса.
Попи Франсиск ва раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден муносибатҳои эътимодбахш барқарор кардаанд.
Понтифик метавонад ба соҳиби Кохи Сафед таъсир расонад, то "Иёлоти Муттаҳида иштироки худро дар ҳалли бӯҳронҳо дубора оғоз кунад",- шарҳ дод Макрон.
Раисиҷумҳури Фаронса ҳамчунин аз Франсис хост, то раҳбарони Русия ва Амрикоро барои ҳалли вазъ дар Украина даъват кунад.
Ёдовар мешавем, ки Попи Рум Франсиск як рӯз пеш Макронро дар Ватикан ба ҳузур пазируфт, ки вохӯрии онҳо 55 дақиқа давом кард.
Джек Фауст Мэтлок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2022
Собиқ сафири ИМА дар СССР: Киев бояд ҳудудҳои аз даст додаашро фаромӯш кунад
Дар ҳамин ҳол Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, дар бораи ташаббуси Макрон гуфт, Маскав омода аст бо Амрико, Ватикан ва дигар кишварҳо барои ҳалли вазъ дар Украина гуфтугӯ кунад.
Ҳамзамон, тавре намояндаи Кремл қайд кард, дар изҳороти раҳбари Фаронса чизе дар бораи он, ки касе бояд бо президенти Украина Владимир Зеленский тамос гирад, ки қонунан аз ҳар гуна гуфтушунид бо Маскав манъ аст, вуҷуд надорад.
Ёдовар мешавем, ки аз 24 феврал инҷониб Русия амалиёти вижаи низомиро барои ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ дар Украина анҷом медиҳад.
Владимир Путин ҳадафи онро "дастгирии одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд." Вазифаи нерӯҳои мусаллаҳ озод кардани Донбасс ва таъмини амнияти Русия аст.
Лентаи хабарҳо
0