Мақомдорони тоҷик ба мулоқоти муҳим ба Маскав мераванд

Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Нишасти навбатии мақомдорони минтақаавӣ, ки мавзӯи он ҳалли мушкили Афғонистон хоҳад буд, соли 2023 дар пойтахти Русия баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дар соли 2023 дар назар аст, ки нишасти Маскав барои баррасии авзоъ дар Афғонистон баргузор шавад. Дар ин бора муовини дабири Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Александр Венедиктов дар суҳбат бо ТАСС хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин нишаст котибони шӯроҳои амниятӣ ё мушовирони амнияти миллии 10 кишвар ширкат хоҳанд кард. Одатан, чорабиниҳо дар чунин шакл бахшида ба мушкилоти Афғонистон ҳамасола баргузор мешаванд.
Дар онҳо намояндагони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Ҳиндустон, Эрон, Чин ва Покистон ширкат доранд.
Министр обороны РТ Шерали Мирзо на полигоне Фахрабад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2022
Шералӣ Мирзо таҳдидҳои аслии ношӣ аз Афғонистон гуфт
"Ин формат дар баробари кор дар чаҳорчӯби СҲШ яке аз маъмултарин ва муфид дар таъмини мусолиҳаи миллӣ дар Афғонистон аст", - таъкид кард Венедиктов.
Вай ёдовар шуд, ки чунин мулоқот соли 2022 дар Душанбе баргузор шуда буд.
Илова бар ин, формати муколама дар бораи Афғонистон, ки бо номи "сегонаи васеъ" маъруф аст, метавонад ба "панҷгона" - бо иштироки Ҳиндустон ва Эрон, аммо бидуни Иёлоти Муттаҳида табдил дода шавад, гуфт Венедиктов.
Чунин тадбирҳо ба далели бархӯрди ғайрисозандаи Вашингтон ба кор дар чаҳорчӯби формат амалӣ мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0