Мақомот морфурӯшонро дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ошкор кард

CC0 / Dzed / SnakeЗмея, архивное фото
Змея, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ду сокини вилояти Суғд бо вақрон кардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанак даст ба фурӯши мор задаанд
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Як сокинони ноҳияи Деваштич вилояти Суғди ба фурӯши ғайриқонунии морҳои шарқӣ муттаҳам мешавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят гузориш медиҳад.
Фаъолияти ғайриқонунии ин морфурӯшро нозирони Департаменти давлатии истифода ва ҳифзи наботот, ҳайвонот ва моҳипарварии кишвар ошкор карданд.
Мардон ҳангоми савдои морҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ зимни як санҷиши кормандони ин ниҳод ошкор шудаанд.
Ин афрод дар ҷамоати деҳоти Яхтан дар деҳаҳои Хоҷа Бохир ва Хуҷатоир зиндагӣ кардаву зоҳиран ба шикори ғайриқонунии морҳо машғул будаанд.
Сомони в конверте, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2022
Афзоиши фасодкорӣ миёни кормандони давлатӣ дар Суғд: дар кадом ниҳод бештар
Ҳамин тариқ гуфта мешавад, ки онҳо моддаҳои Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи муҳити зист"-ро нақз кардаанд.
Нисбати ҷавонон тибқи моддаи 208 (Вайрон кардани қоидаҳои шикор ва моҳидорӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҷумҳурӣ протокол тартиб дода шудааст.
Мавриди зикр аст, ки бобои шарқӣ ё қумӣ дар марказ ва шарқи Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ҳамчунин дар дигар кишварҳои минтақа паҳн шудааст.
Сокинони маҳаллӣ умдатан аз ин зернамуд барои муолиҷаи бемориҳои мухталиф истифода мекунанд ва аз ин рӯ теъдоди онҳо дар Тоҷикистон сол то сол коҳиш меёбад.
Ёдовар мешавем, дар гузашта ВКД аз боздоштҳое барои фурӯши заҳри мор низ хабар дода буд.
Лентаи хабарҳо
0