Ҳавои моҳи охири тирамоҳ дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд

© Sputnik / Амир ИсаевБотанический сад Боги Ирам
Ботанический сад Боги Ирам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ҳавошиносони тоҷик мегӯяд, боришоти барфу борон қариб дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳи ноябр дар назар аст
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳарорати моҳи ноябри имсол чун ҳавои ноябри соли гузашта 1-2 дараҷа паст дар назар аст, пешгӯӣ мекунанд ҳавошиносони тоҷик.
Ба маълумоти Оҷонси ҳавошиносӣ дар ин моҳ дар баладкӯҳҳо боридани барф ва дар водиҳо боришоти борону 10 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Манбаъ мегӯяд, даҳрӯзаи аввали моҳ дар шаҳри Душанбе ҳаво шабона то 23 дараҷа гарм мешавад. Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ тағйирёбии ҳарорат пешгӯӣ шуда, боридани барфу борон дар назар аст.
Гуфта мешавад, ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар бештари ноҳияҳои вилояти Хатлон аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад.
Последствия ледяного дождя во Владивостоке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2022
Ҳушдор аз сармо ва борону барфи тар дар Тоҷикистон
Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво 1-2 дараҷа паст шуда, дар водиҳо ҳаво то 5 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ тағйирёбии ҳаво пешгӯӣ шуда, боридани барфу борон дар назар аст. Ҳамзамон дар баъзе ноҳияҳо вазиши шамол дар як сония то 15-20 метр хоҳад расид.
Моҳи ноябр меъёри иқлимии вазъи ҳаво дар ғарби ВМКБ ва минтақаҳои кӯҳӣ 1 дараҷа пасттар мешавад. Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ ба амал омадани борон ва барф дар назар аст.
Дар шарқи ВМКБ вазъи миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ шуда, 8-11 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0