Ҳушдори Раҳмон аз афзоиши офатҳо: Ӯ роҳ сӯи ояндаи осударо нишон дод

© Амир ИсаевПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон хостори тағйири бархӯрд ба масоили об шуда, афзуд, маҳз дар ин сурат метавон ба ояндаи аз лиҳози захираҳои об амну осуда умед баст
ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши офатҳои табиӣ ҳушдор дода, афзуд дар меҳвари ин равандҳо об қарор дорад.
Ӯ зимни як ҳамоиш барои омодагӣ ба Конфронси оби соли 2023-и Созмони Милали Муттаҳид гуфт, бинобар тағйирёбии иқлим ҳамагон шоҳиди зуҳуроти бесобиқаи офатҳои табиӣ шудаанд.
Вай аз гармӣ дар Аврупо, сӯхтори бешазорҳо, хушкшавии дарёҳо ва норасоии об зикр намуда, афзуд, қисмати ҷануби сайёра зери таъсири селу обхезиҳои харобиовар қарор гирифт.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Нигаронии Раҳмон аз сатҳи пасти таъминот бо об дар ҷаҳон: 2 млрд нафар дастрасӣ надоранд
"Мутаассифона, ин равандҳо чандин сол аст, ки идома доранд ва таъсири онҳо сол то сол фарогиру шадид мегардад", - таъкид кард раисҷумҳур.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон меҳвари ин равандҳоро об ҳамчун асоси ҳаёти инсоният ва василаи муҳимми таъмин намудани рушди устувор ташкил медиҳад.
"Ба ин манзур, бояд иқдомоте рӯйи даст гирифта шаванд, ки ба амалҳо ва тартиби корбарии мо тағйироти ҷиддӣ ворид менамоянд. Маҳз бо ворид кардани чунин тағйирот мо метавонем ба ояндаи аз лиҳози захираҳои об амну осуда умед бандем", - гуфт ӯ.
Вай кишварҳои ҷаҳонро ба ҳамкории судманд дар ин масоил даъват намуда, изҳор дошт, ки об метавонад ҷонибҳои гуногунро аз минтақаҳои болообу поёноб, куҳсору водӣ, кишварҳои пешрафта, рӯ ба тараққй, камтараққӣ ва дигарон ба ҳам оварад.
Об нерӯи бузург дорад ва мо бояд аз он дурусту оқилона истифода барем, таъкид намуд раисҷумҳури Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0