Путин аз афзоиши хатари террористҳо ва таҷаммӯяшон дар Афғонистон гуфт

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкМехтарлам под контролем запрещенной в РФ организации "Талибан"
Мехтарлам под контролем запрещенной в РФ организации Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раисҷумҳури Русия аз таҷаммӯи аъзои созмонҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон ва талоши роҳёбияшон ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Хатари созмонҳои террористӣ, аз қабили "Ал-Қоида"*, "ДОИШ"* ва ғайра барои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил коҳиш наёфтааст.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар мулоқот бо роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамоти вижаи ИДМ баён дошт.
Ӯ аз талоши онҳо барои роҳёбӣ ба кишварҳои ИДМ ва ташкили гуруҳҳои махфӣ ҳушдор дод.
Таҷаммӯи ҷангиён дар Афғонистон, махсусан дар наздикии марз бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хатарро зиёд кардааст, илова намуд вай.
Бо зикри он ки сатҳи ҷиноёти марбути терроризму экстремизм дар ҷаҳон коҳиш ёфтааст, Путин гуфт, иқдоми мувофиқаю ҳамоҳангшуда дар ин самт бояд таҳким бахшида шаванд.
Президент России Владимир Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2022
Ҳушдор аз инқилобу ҷангандозӣ: Путин ба Ятимову амниятиҳои аршади дигари ИДМ чӣ гуфт?
Аз ҷумла муҳим хонд, ки зери ниқоби муҳоҷират террористҳо дар қаламрави кишварҳои ИДМ роҳ наёбанд.
Раисҷумҳури Русия ҳамчунин қочоқи силоҳу маводи мухаддир, аз ҷумла эҳтимоли интиқоли силоҳи сабуку вазнин аз Украина ба ИДМ гуфта, зарурати таҳими ҳифзи марзро таъкид намуд. Вай хост, маконҳои таҷаммӯи шаҳрвандони зиёд бояд махсусан хуб муҳофизат шаванд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан дабири кулли СААД, Станислав Засс гуфт, террористон дар замони муосир на танҳо ҷангиён бо силоҳ, балки донандаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ низ ҳастанд, ки зарфиятҳои онро бо аҳдофи террористӣ истифода мебаранд.
Вай таъкид намуд, ки терроризм дар замони муосир хусусияти фаромиллӣ дошта, ҷилавгирӣ аз ҳаракати онҳо тавассути сарҳадот беш аз пеш мубрам мебошад.
*-Созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст.
Лентаи хабарҳо
0