Рустами Эмомалӣ ба даҳ шаҳру ноҳияи Тоҷикистон 37 нақлиёт ҳадя кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанРасширенное заседание Правительства Республики Таджикистан
Расширенное заседание Правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2022
Обуна шудан
Нақлиётҳое, ки шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон аз ҷониби мири пойтахт дастрас намуданд, боркашонӣ, техникаи коммуналӣ ва ҳамчунин мусофиркашонӣ мебошанд
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат 37 адад нақлиёт ҳадя кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси пойтахт.
Бар хабари манбаъ, нақлиётҳои ҳадякарда аслан мошинҳои борбар, техникаи коммуналӣ ва ҳамчунин мусофирбарӣ мебошанд, ки ба се шаҳру ҳафт наҳия тақсим карда шуданд.
"Ин воситаҳо, ба шаҳрҳои Исфара, Панҷакент, Роғун, ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Варзоб, Файзобод, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ирсол гардиданд
Манбаъ меафзояд, бо назардошти фаро расидани фасли сармо ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ин воситаҳои нақлиётӣ ҳамчун кумак дода шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан шаҳрдории Душанбе гуфт, ки соҳаи мусофиркашонӣ ва танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти ҷамъиятию хусусӣ зери назорати роҳбарияти мақомот қарор дорад.
Двухэтажный автобус в Душанбе (проект) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2022
Мақомоти шаҳри Душанбе гуфтанд, бахши мусофиркашониро чӣ гуна беҳтар хоҳанд кард
Ба иттилои манбаъ, дар хатсайрҳои шаҳрӣ ҳамарӯза то 406 автобус, 78 троллейбус, 1004 микроавтобуси сектори хусусӣ ва 2505 воситаи нақлиёти сабукрави таксӣ ба фаъолият сафарбар мешаванд.
Шаҳрдорӣ қайд карда буд, ки тибқи шартнома хариди 20 электробуси замонавии то 200 км бо неруи барқ ҳаракаткунанда ва 10 электро-троллейбуси худрави муосири то 40 км бе пайвастшавӣ ба хатти неруи барқ ҳаракаткунанда, инчунин, ҷиҳати бо неруи барқ таъмин намудани электробусҳо хариди 10 таҷҳизоти қувватдиҳанда ба нақша гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0