Меғ мефарояд, борону барф намеборад: пешгӯии дақиқи ҳавои Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевТуман в Душанбе
Туман в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар буда, ҳавошиносон дар аксари навоҳии кишвар фаромадани тормеғ ва гармии то 22 дараҷаӣ пешгӯӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 27 окт – Sputnik. Дар аксари навоҳии Тоҷикистон, ба истиснои минтақаҳои шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани меғ пешгӯӣ мешавад, иттилоъ дод Ожонси ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Суғд низ, тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+-5 дараҷа хунук, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Сход селей - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2022
Сел роҳи байналмиллалӣ дар Тоҷикободро баст, вале ҳаракати нақлиёт таъмин аст
Дар вилояти Хатлон ҳамчунин, ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо меғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ тағйирёбандаи бебориш мешавад, ин ҷо ҳам фаромадани тормеғ дар назар аст.
Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 6+8 дараҷа ва рӯзона 18+20 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0