Роҳи Душанбе - Хоруғ боз шуд: бартарафсозии паёмади сангрезӣ идома дорад

© Пресс-служба КЧС ТаджикистанаСитуация на автодороге Душанбе-Хорог, архивное фото
Ситуация на автодороге Душанбе-Хорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Фаромадани селу ярч ва сангреза роҳи байналмилалиии Душанбе-Хоруғро муваққатан баст, вале пас аз чанде роҳ тоза карда шуда ҳаракати нақлиёт имконпазир шуд
ДУШАНБЕ, 27 окт – Sputnik. Роҳи Душанбе-Хоруғ дубора барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт боз шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Вале, ба гузориши манбаъ, корҳои бартарафсозӣ дар километри 224-225-уми шоҳроҳи Шамсиддин Шоҳин-Хоруғ то ҳол идома дорад.
"Ҳоло роҳ боз аст. Аммо корҳои бартарафсозии пурраи паёмадҳои ин офати табиӣ бо истифода аз техникаи муҳандисии хадамоти роҳи минтақа идома доранд", - омадааст дар хабарномаи КҲФ.
Ёдрас мешавем, ки дар километри 224-225-уми шоҳроҳи Шамсиддин Шоҳин-Хоруғ сангреза ва дар километри 234-237-уми роҳи мазкур ярч боиси баста шудани роҳ гардид.
Ҳамчунин, тибқи гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, дар натиҷаи бориши шадиди борон сел омада 5 адад симчуби қувваи барқро чаппа кардааст.
Сход селей - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2022
Сел роҳи байналмиллалӣ дар Тоҷикободро баст, вале ҳаракати нақлиёт таъмин аст
Ин дар ҳолест, ки ҳавошиносии кишвар барои рӯзҳои 26-27-уми октябр рӯзҳои борониро пешбинӣ карда буд.
Дар ҳамин иртибот КҲФ, аз аҳолӣ даъват кард, ки дар чунин рӯзҳо аз рафтан ба саҳрову доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум, дорувор худдорӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0