Расулзода ва сарони дигари ҳукуматҳои ИДМ дар Остона чиро баррасӣ мекунанд? - видео

© Пресс-служба президента КР / Султан Досалиев Флаги государств СНГ. Архивное фото
Флаги государств СНГ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2022
Обуна шудан
Роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ масоили марбути савдо, сармоягузорӣ, илму техника, варзиш ва офатҳои табииро баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Ҷаласаи 80-уми сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил дар шаҳри Остона ба кори худ оғоз намуд. Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш сарвазир, Қоҳир Расулзода намояндагӣ мекунад.
Ба иттилои расмӣ, иштирокдорон ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмию техникӣ, гуманитарӣ, технологӣ ва инноватсионӣ, аз ҷумла масъалаҳои радионавигатсия ва рақамиисозии саноати кимиёро баррасӣ мекунанд.
Дар ҷаласа қабули Барномаи байнидавлатии радионавигатсионӣ барои солҳои 2023-2026 пешбинӣ шудааст.
Ин барнома ба баланд бардоштани бехатарии ҳаракати нақлиёт, ҳамлу нақли мусофирон ва борҳои хатарнок, кам кардани вақти омадани дастаҳои кумак дар ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилӣ, беҳбуди вазъи экологӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои мубориза бо ҷинояткорӣ ва терроризм нигаронида шудааст.
Иштирокдорони ҷаласа инчунин ният доранд, Созишномаи ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои изтирорӣ дар соҳаи тандурустии ҷамъиятии дорои хусусияти санитарию эпидемиологиро ба имзо расонанд.
Президент России Владимир Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2022
Ҳушдор аз инқилобу ҷангандозӣ: Путин ба Ятимову амниятиҳои аршади дигари ИДМ чӣ гуфт?
Инчунин баррасии маҷмӯи тадбирҳоро дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва амнияти экологӣ дар назар аст.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷаласа сарвазирони Қазоқистон - Алихон Смаилов, Озарбойҷон - Алӣ Асадов, Беларус - Роман Головченко, Тоҷикистон - Қоҳир Расулзода, Ӯзбекистон - Абдулло Орипов, сарвазири Русия Михаил Мишустин иштирок доранд.
Ҳамчунин раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров, муовини нахуствазири Арманистон Мгер Григорян ва ноиби раиси Девони вазирони Туркманистон Ҳоҷамурод Гелдимуродов дар ин ҳамоиш ширкат доранд.
Лентаи хабарҳо
0