Суханронии Путин дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СААД - видео

Обуна шудан
НовостиTelegram
Раисҷумҳури Русия азми Маскав барои таъмини эътидол дар муносиботи Арманистону Озарбойҷонро баён дошта, шеваҳои расидан ба онро ном бурд
Русия таърихан ҳамеша ба субот дар самти Қафқоз таваҷҷӯҳ зоҳир карда, феълан низ хостори ба эътидол омадани вазъ миёни Арманистону Озарбойҷон мебошад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин зимни ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД, ки таҳти раёсати Арманистон даъват шуда буд, изҳор дошт.

"Ҳам Озарбойҷон ва ҳам Арманистон, ҳамчунин Русия ва ҳамаи мо дар гузаштаи наздик ба як давлати ягона тааллуқ доштем. Мо муштаракоти зиёд ҳам бо Ереван ва ҳам Боку дорем ва инро нодида гирифтан намешавад", - изҳор дошт раисҷумҳур.

Бо зикри муштаракот Путин таъкид намуд, ки дар ҳолли зиддияти давлатҳои наздик, Русия наметавонад дар канор бошад ва ҳамеша тайёр аст барои ҳалли осоиштаи масоил дар моварои Қафқоз саҳм гузорад.
Русия манфиатдор аст, ки моварои Қафқоз як минтақаи ором ва рушдкунанда бошад.
Путин афзуд, ягона роҳи имконпазир ва воқеъии таъмини сулҳ метавонад риояи қатъии тамоми бандҳои изҳороти муштараки маъруфи раҳбарони Русия, Арманистон ва Озарбойҷону созишҳои қаблӣ бошад.
Тоҷикистон Арманистону Озарбойҷонро ба музокирот даъват кард
Вай муътақид аст, ки маҳз тавассути иҷрои пайгиронаи ин созишҳо дар бораи роҳҳои аломатгузории марзи Арманистону Озарбойҷон, кушодани иртибототи нақлиётӣ ва ҳалли масъалаҳои башардӯстӣ метавон ба эътидоли устувори муносибатҳои Арманистону Озарбойҷон даст ёфт.
Лентаи хабарҳо
0