Тоҷикистон ҳаҷми коркарди маъданро зиёд мекунад

© Sputnik / Геннадий РатушенкоМесто для добычи руды на месте кишлака Равват в Согдийской области.
Место для добычи руды на месте кишлака Равват в Согдийской области. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар шимоли ҷумҳурӣ зиёд кардани истеҳсоли на танҳо маъдан, балки консентрати сурб, инчунин руҳ ва хокаи мис пешбинӣ карда шудааст
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Ширкати истихроҷи маъданҳои Тоҷикистону Чин қасд дорад ҳаҷми коркарди маъданро афзоиш диҳад, хабар медиҳад дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.
Корхона дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 2,7 миллиард сомонӣ маҳсулот баровардааст.
Гуфта мешавад дар ин давра истхроҷи сурб ба 60,8 ҳазор тонна ва конcентрати руҳ бошад, 94,5 ҳазор тонна баробар шудааст.
Дар мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва директори генералии Ширкати кӯҳии Тоҷикистон – Чин Ли Яо Хвай ҷонибҳо дар мавриди афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба мувофиқа расиданд.
Дар назар аст, ки ҳаҷми коркарди маъдан боз бештар шавад.
Дар корхонаи “Зарафшон”-и шаҳри Панҷакент коргоҳи истеҳсоли мис сохта мешавад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2022
Дар Панҷакент коргоҳи истеҳсоли мис бунёд мегардад
Агар дар замони ифтитоҳи корхонаи муштарак (июни соли 2007 – ред.) танҳо хатти аввал бо иқтидори 300 ҳазор тонна маъдан дар як сол кор мекард, пас то соли 2020 иқтидори он ба 4 миллион тонна расид.
Ёдовар мешавем, ки ин корхона яке аз корхонаҳои калонтарин дар кишвар ба шумор меравад. Сармояи оинномавии он беш аз 30 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ин ширкат барои коркарди конҳои "Олтин-Топкан" (ҳоло Зарнисор) ва "Пайбулоқ" дар минтақаи Мастчоҳ ва Гулистон иҷозатнома дорад.
Корхона оид ба коркарди маъдан ва истеҳсоли консентрати сурб, руҳ ва хокаи мис корҳоро ба роҳ мондааст.
Лентаи хабарҳо
0