Дар Суғд беш аз 100 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд

© Unsplash/Trisha DowningПоле хлопка
Поле хлопка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар вилояти Суғд ноҳияеро ном бурданд, ки яке аз аввалинҳо шуда, аз иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта хабар доданд
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дар вилояти Суғд маъракаи ҷамъоварии пахта идома дорад. Бино ба маълумоти Сарраёсати кишоварзии вилоят, ҳар рӯз ба хирмани пахтаи мамлакат зиёда аз ҳазор тонна ашёи пурқимати саноатии пахтакорони вилоят илова мегардад.
Манбаъ меафзояд, аз аввали мавсим 105 565 ҳазор тонна ҷамъоварӣ шудааст, ки 79,8 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, дар миқёси вилоят нахустин шуда пахтакорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз иҷрои дурнамои ҳосили пахта хабар доданд. Онҳо соли равон дар майдони 8 028 гектар пунбадона кишта, ният доштанд, 18 500 тонна пахта ҷамъо­варӣ намоянд.
Сбор хлопка в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2022
Беш аз 73 ҳазор тон пахта ҷамъ шуд: То иҷрои нақша чӣ қадар монд?
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муҳим, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 23 сентнериро ташкил дод.
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода натоиҷи хуби пахтакорони ноҳияро ба риояи талаботу меъёрҳои агротехнологияи парвариши пахта аз интихоби тухмӣ то ғизодиҳиву коркарди байни қатор ва сари вақт обёрӣ намудан рабт дод.
Бино ба гуфти роҳбарияти Раёсати кишоварзии ноҳия, дар оростани хирмани 18 500 тонна пахта саҳми бештару назар­расро бо иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта, пахтакорони кооперативҳои кишоварзӣ-истеҳсолии ба номи Ҷ. Расулов, Т. Қӯшатов ва Кооперативи илмӣ-истеҳсолию кишоварзии ба номи Р. Набиев гузоштаанд.
Лентаи хабарҳо
0