Дар ВМКБ барф меборад: пешгӯии дақиқи обу ҳавои Тоҷикистон

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкЖенщина идет по скверу под зонтом
Женщина идет по скверу под зонтом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Тибқи пешгӯии ҳавошиносон дар ноҳияҳои алоҳидаи ВМКБ бориши барф ва дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд боришоти борон дар назар аст
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik.Дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориш ба амал меояд.
Ба маълумоти Оҷонсии обуҳавошиносӣ, дар ВМКБ ҳаво тағйирёбанда ва дар баъзе ноҳияҳо бориши барфу борон дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар водиҳо шабона 6-11ва рӯзона 15 - 20 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ботанический сад Боги Ирам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2022
Ҳавои моҳи охири тирамоҳ дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо асосан бебориш мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳ дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал меояд. Шамол бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9-14 дараҷа ва рӯзона 22 -27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шабона 6-11 ва рӯзона 19 -24 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 9-11 дараҷа ва рӯзона 22-24 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0