Русия омодагияш барои таъмини кишварҳои ниёзманд бо ғалларо эълон кард

Уборка зерновых. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Маскав қатъи иштирокашро дар созиш барои интиқоли ғалла аз Украинаро эълон карда, омодагияшро барои таъминоти ғизо ба кишварҳои ниёзманд баён дошт
ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Русия омода аст ғаллаи Украинаро дар бозори ҷаҳонӣ комилан иваз кунад ва ба ҳамаи кишварҳои ниёзманд бо нархи дастрас таъмин созад.
Ин нуктаро вазири кишоварзии Русия, Дмитрий Патрушев, дар пасманзари қатъи иштироки Маскав дар созиш барои интиқоли ғалла аз Украина баён дошт.

"Бо дарназардошти ҳосили имсола, Русия омода аст, ғаллаи Украинаро комилан иваз кунад ва ба ҳамаи кишварҳои манфиатдор бо нархҳои қобили қабул интиқол диҳад", - гуфт ӯ.

Ба иттилои вазир, Русия аллакай 150 млн тонна ғалла ҷамъоварӣ намуда, имкони содирот дар мавсими имсола беш аз 50 млн тонна арзёбӣ мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки баъди зуҳри 29 октябр Вазорати дифои Русия ширкат дар содироти маҳсулот аз бандарҳои Украинаро ба далели ҳамлаи террористӣ ба киштиҳо дар наздикии Севастопол мутаваққиф кардааст.
Ба иттилои ин ниҳод, субҳи барвақти 29 октябр Киев ба киштиҳои флоти Баҳри Сиёҳ ва киштиҳои ғайринизомӣ, ки дар Севастопол буданд, ҳамла кард. Таъкид шудаст, ки киштиҳо ва зерсохторҳои мавриди ҳамла қарор гирифта, барои таъмини амнияти масири башардӯстонаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Украина истифода мешуданд.
Колосья пшеницы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2022
Путин гуфт, ҳосили ғалла рекордӣ мешавад
Пештар Маскав изҳор дошта буд, ки тибқи шартномаи сеҷониба бо ҳузури Русия СММ ва Туркия аз бандарҳои Украина ба бозорҳои ҷаҳонӣ бояд ғалла асосан барои бароварда кардани ниёзи кишварҳои фақир бароварда мешуд.
Аммо дар асл кишварҳои ниёзманд хеле қисмати ками онро дастрас карда, ғалла аз Украина асосан ба кишварҳои мутараққӣ интиқол дода мешуд, афзуданд мақомдорони Русия.
Лентаи хабарҳо
0