Ҳамлагари тими Русия сабқати оянда бо мунтахаби Тоҷикистонро шарҳ дод

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкИгрок ФК "Спартак" Александр Соболев
Игрок ФК Спартак Александр Соболев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2022
Обуна шудан
Ҳамлагари дастаи "Спартак" Александр Соболев диди варзишгарон ба бозии тимҳои мунтахаби миллии футболи Русия ва Тоҷикистонро баён дошт
ДУШАНБЕ, 31 окт – Sputnik. Бозингари тими миллии футболи Русия Александр Соболев дар бораи бозии дӯстонаи дарпешистода бо Тоҷикистон изҳори назар кард, менависад portrg.ru.
Ба иттилои манбаъ, дар арафаи ин бозӣ, ҳамлагари "Спартак" ба савол, ки ба ҳарифони худ чӣ диду муносибат дорад, ҷавоб дод.
"Ҳоло муҳим нест, ки бо кӣ бозӣ мекунем. Муҳим он аст, ки ин бозӣ барои тими миллии кишвар сурат мегирад. Бозӣ дар тими миллии Русия ҳамеша шараф аст", - гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки бозии дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистону Русия рӯзи 17 ноябр дар Душанбе соати 18:00 ба вақти Маскав ва 16:00 ба вақти маҳаллӣ дар назар аст.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Федератсияи байналмилалии футбол тими Русияро аз марҳилаи интихоби Ҷоми ҷаҳонии футбол ва бошгоҳҳои Русия аз мусобиқоти аврупоӣ хориҷ кард.
ФК Истиклол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2022
"Истиқлол" барандаи нуҳкаратаи Ҷоми Тоҷикистон шуд
Ба гуфтаи Соболев, ин хеле бад аст, зеро варзишгарон барои мусобиқоти сатҳи ҷаҳонию қитъавӣ бозию тамрин мекунанд.
Президенти фахрии Федератсияи футболои Русия, Вячеслав Колосков дар шарҳи рақобати оянда бо Тоҷикистон гуфт, баргузории бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаб ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон хоҳад дод, ки футболи Русия дар инзивоъ нест.Ба гуфтаи ӯ, ҳоло тими Русия бояд бо онҳое бозӣ кунад, ки дастрасанд.
Лентаи хабарҳо
0