Фавти 16 кӯдак дар Суғд: Оғози ваксиназанӣ алайҳи бемории хатарнок дар Тоҷикистон

Вакцинация , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Эксклюзив
Бештар аз бемориҳои роҳҳои нафас, аз ҷумла илтиҳоби шуш кӯдакони то 5-сола осебпазиранд, изҳор доштанд мақомоти Суғд зимни эълони оғози маъракаи эмгузаронӣ
ДУШАНБЕ, 31 окт – Sputnik. Дар шимоли Тоҷикистон тайи 9 моҳи аввали соли равон беш аз 53,3 ҳазор кӯдаку навраси то 18-сола гирифтори бемориҳои роҳҳои нафас шудаанд.
Дар ин бора мутахассиси Идораи тандурустии Суғд, Ҳотамҷон Собиров зимни ҳамоиш дар арафаи маъракаи эмгузаронӣ алайҳи бемориҳои пневмококкӣ дар Тоҷикистон хабар дод. Оғози ин маърака 1 ноябр дар назар аст.
Ба гуфтаи Собиров, аз ин омор 2129 нафарашон гирифтори бемории илтиҳоби шуш шудаанд, ки 1291 нафарашонро кӯдакони то 5-сола ташкил медиҳанд.
Медицинский сотрудник держит в руках шприц с вакциной от COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2022
Хуруҷи бемории сурхча ва гулафшон: эмгузаронии иловагӣ дар бархе навоҳии Тоҷикистон
Ба гуфтаи мақомдори Идораи тандурустии Суғд, тайи ин 9 моҳ бар асари бемории илтиҳоби шуш 16 кӯдак ҷон додаанд. Масъулин таъкид намуданд, ки бемориҳои пневмококкӣ метавонанд оризаҳои нохушоянде дошта бошанд ва беҳтарин роҳи ҷилавгириро эмгузаронӣ арзёбӣ намуданд.
Моякӯбии кӯдакон алайҳи ин беморӣ дар синни 2, 4 ва 12-моҳагӣ муайян шуда, Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостааст, фарзандонашонро бо ваксина фаро гиранд.
Бино ба арзёбии Созмонии Ҷаҳонии Тандурстӣ ҳамасола беш аз 500 ҳазор кӯдаки то 5-сола аз хуруҷи бемориҳои пневмакоккӣ мефавтанд, ки аксарияташон ба кишварҳои рӯй ба рушд рост меоянд.
Таъкид мегардад, ки истифодаи ваксина барои коҳиш додани оризаю бемориҳо аз қабили менингит, сепсис ва пневмония дар миёни атфол мусоидат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0